Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон талабгори сементи Тоҷикистон
Дар ду моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон 197,3 ҳазор тонна семент истеҳсол намуданд, ки назар ба ду моҳи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 4,7 миллион тонна фаъолият доранд. Бо зиёд шудани истеҳсоли семент ҳаҷми воридоти он кам гардида, содиротот бештар ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра 60,2 ҳазор тонна ба Афғонистон (53,8 ҳазор тонна), Ӯзбекистон (6,2 ҳазор тонна) ва Қирғизистон (160 тонна) содир гардидааст. Содироти семент аз тарафи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», «Чунгтсай Моҳир семент-и ноҳияи Ёвон ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалӣ шудааст.
Соли 2017 бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ҶДММ «Билол Суюлин семент» бо иқтидори 200 ҳазор тонна ва истеҳсоли халта дар ноҳияи Ёвон бо иқтидори 80 миллион дона бо таъсиси 170 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Истеҳсоли семент дар солҳои 2009-2016 (ҳазор тонна)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ