Афсӯси Қурбонзода аз шикоят накардани дузанаҳо

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон афсӯс мехурад, ки дар шашмоҳаи аввал ягон кас аз болои дузанагӣ  шикоят накардааст. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  ки “ҳарчанд мо медонем, ки дузанагӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад”.

Дар нишасти Кумитаи кор бо занон гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли равон, тақрибан шашуним ҳазор мавриди ҷудо шудани оилаҳоро сабт кардаанд. Ин омор  нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 990 ҳолат зиёд мебошад.

Азбаски дар Тоҷикистон бисёрзанӣ ғайриқонунист, вале оморе дар ин маврид вуҷуд надорад. Ҳарчанд дузанагӣ ҷазо ҳам дорад, аммо солҳои охир масъалаи иҷозати доштани ду ҳамсар барои мардон дар матбуот низ баҳс мешавад. Бархе ҳамсарони дуюм шикоят мекунанд, ки шавҳаронашон онҳоро тарк кардаанд ва фарзандонашонро қонунӣ эътироф намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *