Афсар дар маъракаи пахтачинӣ ҳалок шуд

Дар ноҳияи Жандари вилояти Бухорои Ӯзбекистон рӯзи 30 октбяр мошини корманди бахши ҷустуҷӯии раёсати корҳои дохилии ноҳияи Алат баъди бархӯрдан бо трактор таркид.

Шоҳидбек Ҷумаев, афсари шуъбаи тафтишотӣ дар дохили мошин сӯхт.

«Афсар аз Бухоро бармегашт. Вай барои супоридани пахта рафта будааст. Ҷавон мошинро бо суръат меронд ва ба трактор бархӯрд. Дар натиҷа гази мошин таркида ва боиси оташсӯзӣ шудааст. Пахта ҳам сӯхт, мошин ҳам», — гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Ду рӯз пеш аз ҳодисаи 30 октябр дар ноҳияи Жандари вилояти Бухоро автобуси пахтачинон бо мошини сабукрави «Матиз» бар хӯрда, дар ҷӯйбор сарозер шуд. Мусофирони автобус зиён надиданд, аммо ронандаи «Матиз» маҷруҳ ва бистарӣ шуд.

Ҳамасола дар мавсими пахтачинӣ дар Ӯзбекистон одамон ҳалок мешаванд. Миёнаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ дар яке аз саҳроҳои пахтаи Ӯзбекистон ду сарбоз зери чархи трактор ҷон бохтанд. Онҳо дар вилояти Сирдарё ба пахтачинӣ машғул буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *