Афсари Гвардияи миллӣ барои куштори кӯдаки 2,5-сола 19 сол равонаи зиндон гардид

Дар Тошканд як афсари Гвардияи миллии Ӯзбекистон хоҳарзодаи 2,5-солаи ҳамсарашро латукуб карда, ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Хабар дода мешавад, ки модари кӯдак пештар дар Тошканд зиндагӣ мекард, аммо барои кор ба Туркия рафта, писарашро дар ихтиёри хоҳари калониаш, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунад, мегузорад. Шавҳари хоҳараш корманди Гвардияи миллӣ буда, ҳар рӯз ба хона нӯшида меомад ва зану ҷияни хурдсоли ӯро мавриди латукуб қарор медод. 

Чанд рӯз пеш мард бори дигар машрубот нӯшида ба хона омада, занашро мезанад. Ҳамсар аз тангии ҷон дар хонаи дигар пинҳон мешавад, афсари бадмасти бадхашм ба кӯдаки ноболиғи 2,5-сола ҳамла карда, ӯро бераҳмона латукӯб мекунад. Дар натиҷаи латукӯб кӯдак ҷон додааст.

Баъди ҳалокати кӯдак афсар ҳамсарашро маҷбур мекунад, ки ба хешовандонаш гӯяд, ки ноболиғ аз зинапоя афтида, ҳалок гардидааст.

Зан барои дафн кардани ҷияни худ ба деҳа меравад, аммо, хешовандони кӯдак маҷбур мекунанд, ки барои гирифтани гувоҳнома ба назди духтур раванд. Дар санҷиши тиббӣ муайян карда мешавад, ки кӯдак дар натиҷаи латукуб ба ҳалокар расидааст. Пас аз он, бибии писарбача ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, дастгир кардани қотилро талаб менамояд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тафтишотӣ оид ба ҳодиса корманди Гвардияи миллии Ӯзбекистон дасгир карда мешавад. Суд афсари Гвардияи миллиро ба 19 сол дар колонияи низомаш сахт маҳкум менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *