Афсарони бемасъулият боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон ду афсари нерӯҳои марзбониро бо гумони “беамалӣ ва хунукназарӣ”, ки боис ба кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов аз ҷониби кочоқбарон шуд, боздошт кардаанд.

Тафтишот муайян кардааст, подполковник ва прапоршике, ки рӯзи 6-уми феврал боздошт шуданд, шаби 2-юми декабри соли гузашта Хайриддин Аҳтамов, сардори нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ҳамроҳӣ мекарданд. Он шаб дар задухӯрд бо кочоқбарон чаҳор сарбозу афсари тоҷик маҷрӯҳ ва полковник Аҳтамов кушта шуд.

Тафтишот маълум кардааст, ки ҳангоми задухӯрд бо кочоқбарон ин ду нафар “беамалӣ” нишон дода, дар амалиёти зидди қочоқчиён ба таври дуруст муқовимат нишон надоданд. Мақомоти тоҷик ҳалокати Хайриддин Аҳтамов, полковники тоҷик дар задухӯрд бо кочоқбаронро, ки як ҳодисаи бесобиқа унвон шуд, ҳамаҷониба тафтиш мекунанд. Аҳтамов аз афсарони баландрутбае буд, ки дар мубориза бо қочоқчиён қурбон шудааст.Дар робита ба кушта шудани Аҳтамов додситонии низомӣ бар асоси панҷ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Аз ин пеш — рӯзи 23-юми январ, Фирӯз Раҷабзода, муовини додситони ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба ин ҳодиса ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон низ боздошт шудаанд. Ин масъули додситонӣ он вақт аз тафсилоти бештар худдорӣ кард, вале гуфт, “доираи дигар шахсони гунаҳкор муайн карда мешавад”.

Кушта шудани ин полковники тоҷик аз ҷониби кочоқбарон то ҷое ба муносибати Афғонистону Тоҷикистон таъсир кард.

Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба Афғонистон нота супурд ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани кочоқбароне шуд, ки дар хоки ин кишвар паноҳ бурдаанд. Ба дунбол Тоҷикистон панҷ пули иртиботӣ бо Афғонистон ва чаҳор бозори наздимарзиро баст. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Тоҷикистон шарт гузоштааст, то гурӯҳи кочоқбарони афғон боздошт нашаванд, пулҳо ва бозорҳои наздимарзӣ баста боқӣ хоҳанд монд.

Мақомоти Афғонистон то ҳол эътироф кардаанд, ки бинобар ноамниҳо дар кишвар боздошти ин гурӯҳи кочоқбарони мусаллаҳ ба мушкил печидааст. Саид Ҷаҳонгир Каромат, муовини фармондеҳи пулиси Бадахшони Афғонистон 4-уми феврал гуфтааст,ки  дар амалиёте бар зидди ин гурӯҳ се пулиси сарҳадӣ кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуд, вале кочоқбарон боздошт нашуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *