“Афсона”-и афсонасоз

Афсона” ягона театри тоҷик аст, ки бо намоишномаҳои ҷолиб ва ҳунармандони ғайриоддиаш кӯдаконро ба олами ширини афсонаҳо мебарад. Ин театр ҳамчун театри пақанаҳо машҳур буда, сарвари он Бегмуҳаммади Асомуддин тавонистааст ба афроде, ки дар зиндагӣ умеде надоранд, дари умедро боз намояд. Суҳбати мо бо аҳли театри “Афсона” дар бораи бурду бохт ва асрори ҳунарашон буд. Мутаваҷҷеҳ бошед!

-Ҳанӯз замони кӯдакӣ мо шуморо дар намоишномаҳои бачагона дида, ҳунарнамоиятонро бо шавқу завқи зиёд тамошо мекардем. Пас аз хатми донишгоҳ ба ин театр ба кор омадед ё… ?

Пештар дар театрҳои “Ҷавонон “ ва  “Аҳорун” фаъолият доштам.  Дар театри “Ҷавонон” муддати 18 сол кор кардам. Баъзан чунин мешуд, ки аз рӯйи хусумати шахсӣ ин ё он коргари хубро аз театр меронданд. Ин ноадолатиҳо маро бетараф нагузошт ва баъди аз сар гузаронидани беморӣ ба худ қавл додам, ки театри нав ташкил карда, тамоми рондашудагонро сафу ҷамъ мекунам. Бо ҳамин ният лоиҳаи театри “Афсона”-ро навиштам. Хушбахтона идеяи ман ба масъулини “Хазинаи кӯдакон” писанд омад ва лоиҳаро дастгирӣ намуданд. Ҳамин тавр театри “Афсона” ташкил ёфт.

еатри “Афсона” дар оғӯши худ бештар пақанаҳоро ҷамъ овардааст.  Ин одамони майдаяк, вале ҳунармандро аз куҷо ва чӣ хел ёфтед?

Вақте лоиҳа дастгирӣ ёфт, хеле фикр кардам, ки чӣ тавр одам меёбам. Саргарми ҳамин фикру хаёл аз назди “СУМ” мегузаштам, ки ногоҳ чашмам ба як духтараки қадаш як ваҷаб афтид. Бо дидани ин духтарак барқсон ба майнаам фикре зад, ки агар пақанаҳоро ҷамъ кунам, театр ба зудӣ тамошобини худро меёбад. Вақте мақсадамро ба духтарак гуфтам, дудила шуда ҷавоб дод, ки модараш медонад. Аз дурахши чашмонаш аён буд, ки дар дили ин духтарак шавқу завқи актёрӣ ҷӯш мезанад. Барои он ки ҳамин оташак аланга гирифта ба як гулхани зебо табдил ёбад, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карда, бо модараш суҳбат намудам ва ӯро бовар кунондам, ки новобаста ба камбудии зоҳирӣ, духтараш ояндаи дурахшон дорад. Абдуллоро ҳам аз назди “Сум” пайдо кардам. Сум барои театри мо як нуқтаи бобаракат шуд. (механдад)

-Имрӯз театри “Афсона” чанд ҳунармандро муттаҳид кардааст?

Кормандони театр дар маҷмӯъ 14 нафаранд. Мо ба ҳамдигар бисёр меҳрубон ва тифоқ ҳастем. Абдулло Шерализода ном коргар дорем, ки чанд сол боз “маро кӣ мегирифта бошад?” гӯён, ғам мехӯрд. Азоби руҳӣ кашидани ин ҷавонро дида, ҳамакаса аз паси келинкобӣ шудем ва як арӯси нозанин ёфтем. Тӯйи онҳо дар назди театр, ки дар боғи  “Ирам”  ҷойгир аст, гузашт. Домоду арӯсро дар фойтун шинонида “Шоҳ дар боғи Ирам” гӯён, бо рақсу бозӣ ба хонаи бахташон гусел кардем. Онҳо аллакай соҳиби фарзанд шуданд. Ман бисёр шодам, ки боз як ҳунарманди хурдакак ба дунё омад…

-Театри “Афсона” ба сафарҳои ҳунарӣ меравад?

Оре, мо ба минтақаҳои гуногуни кишварамон ба сафарҳои ҳунарӣ меравем. Чанд рӯз пеш аз шаҳри Панҷакент баргаштем. Пазироии гарму ҷӯшони мухлисон ба аҳли театр як ҷаҳон нерӯи нав бахшид.

 

-Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ин замона аҳли ҳунару санъат чандон зиндагии шоҳона надоранд. Худованд, агар ба шумо умри дубораро насиб гардонад, кадом пешаро интихоб мекардед?

Падарам мехост, ки ман меъмор шавам ва ҳатто ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон супориданд. Бо сабаби он ки ин касбро дӯст намедоштам, тарки донишгоҳ карда ба Донишкадаи санъат дохил шудам. Шумо рост гуфтед, ки мо, ҳунармандон зиндагии шоҳона надорем, вале 100 бори дигар таваллуд шавам ҳам, боз актёр мешудам, чунки ман бе театр зиндагӣ карда наметавонам. Тамоми буду набуди ман театр ва саҳна аст.

-Шунидем, ки ба наздикӣ сафари хориҷӣ доред…?

-Бале, агар Худо хоста бошад, бо намоишномаи “Муш ва гурба”-и Убайди Зоконӣ ба Эрон сафари ҳунарӣ хоҳем кард. Ин сафари моро Кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ дастгирӣ ва сарпарастӣ мекунад.

Ҳар инсон дар дилаш орзуи ниҳоне доред ва барои ба он расидан талош меварзад…

Орзуи бузургтарини банда ҳамин аст, ки театри “Афсона” бинои худро дошта бошад, то ки бачаҳо аз гӯшаю канорҳои гуногуни пойтахт ва ҷумҳурӣ ба тамошои саҳнаҳои мо биёянд.

 Майдачаҳои афсонасоз

Вақте ки мо суҳбатро бо роҳбари театри “Афсона” ба сомон расонида майли рафтан кардем, чашмамон ба чанд нафар кормандони театр афтид, ки саргарми машқ буданд. Аз фурсат истифода бурда, бо ин пақанаҳои афсонасоз, ки ба кӯдакон як ҷаҳон шодӣ мебахшанд, ҳамсуҳбат шудем.

Абдулло, шуморо бештар дар нақши танбалхӯҷа ва чиркинакҳо мебинем. Аз он ки чунин нақшҳоро ба шумо медиҳанд, намеранҷед?

ар чи мо дар рӯйи саҳна меофарем, аз рӯи сенария аст. Кӣ кадом нақшро бозӣ мекунад, инро фақат устоди гиромиамон ҳал мекунанд. Ягон вақт баҳсу мунозира накардаам, ки ман нақши танбал, чиркинак ё аҷузакампирро бозӣ намекунам. Муҳимаш он аст, ки тамошобинони хурдсол бо шавқу завқ намоишномаҳои моро тамошо мекунанд.

-Фотимахон, шумо чӣ хел ба “Афсона” афтидед?

Моҳи марти соли 2002 театри “Афсона” барои намоиш додани “Доирачаи сеҳрнок” ба деҳаи Кофарниҳони  ҷамоати Абдулло Абдулло сафари ҳунарӣ намуд. Ман он вақт дар мактаби миёна мехондам. Вақте ин намоишномаро тамошо кардам, дар дилам хоҳиши бузурге пайдо шуд, ки ман ҳам мисли ҳунармандони ин театр дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, хотири одамонро шод созам. Бо ҳамин умед ба шаҳри Душанбе омадам ва бо дастгирии устод ба муроди дилам расидам.

Дар деҳот ба занҳои ҳунарманд чандон назари нек надоранд. Наметарсед, ки дар бораи шумо ягон овоза ё ҳангома мебофанд?

ақте инсон касберо интихоб мекунад, он қадар дар ишқи он ғӯта мезанад, ки дигар ба гӯшаш на овоза медарояд ва на гапу хабарҳои дурӯғи душманон. Муҳимаш инсон дар назди Худо ва дар назди виҷдони худ пок бошад. Мардум чӣ мегӯянд, аҳамият надорад.

-Муҳаммадҷон, шумо нав дар синфи 11 мехонед. Ба театри “Афсона” чӣ тавр роҳ ёфтед?

-Дӯстам Фаридун риштаи тақдири маро бо театри “Афсона” пайваст. Вақте ки Фаридун маро ба назди устод овард, ин кас табассум карда гуфтанд: “Шумо барин бачаҳои қадпаст ба мо чун обу ҳаво заруранд.” Аллакай муддати се сол мешавад, ки дар ин театр фаъолият дорам. Мехоҳам баъди хатми мактаби миёна таҳсиламро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода идома дода, ҳунарманди касбӣ шавам….

Мо ба аҳли театри “Афсона” барору комёбиҳои нав ба нави эҷодиро хоҳонем, зеро ин театр зиндагиро дар чашми тамошобин ба афсонаи ширин табдил дода, ҳаёти моро рангу маънии дигар мебахшад…

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *