Афсонаатро бас кун! Аз қабули раиси ноҳияи Файзобод

Шанбеи ҳафтаи гузашта дар қабули раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода муроҷиати қариб 30 нафар сокини ноҳия доир ба масъалаҳои гуногун шунида шуд.

Раиси ноҳия зимни қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикояти онҳо ба масъулини дахлдор, аз ҷумла, муовинони соҳавӣ, раисони ҷамоатҳо супориш дод, ки арзу шикоятҳо дақиқу шаффоф санҷида шуда, хулосаҳои дуруст бароварда шаванд.

Муроҷиаткунандагон тибқи рӯйхат аз мушкилоти худ ба раис арзи дил мекарданд.

Қурбон Муродов, сокини деҳаи Дӯстмурод Алиев аз ҷамоати “Ҷавонон”-и и ноҳия  ба раис шикоят кард, ки то ҳол наметавонад ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигиро ба даст орад: “Ба дасти Тағоев  супурда будам. Танҳо имзои раис монда буд. Мегӯянд, ки ҳуҷҷат гум аст…”

Раиси ноҳия баъди андаке сукут бо ҳайрат аз масъулин пурсид: “Наход ҳуҷҷати расмӣ дар мақомот гум шавад?” ва супориш дод: “То рӯзи сешанбе муҳлат! Пайдо карда, пешниҳод намоед!”

Гулбаҳор Файзуллоева, сокини ноҳия назди раис бо ашки шашқатор гуфт:

“Фарзандам дар Русия “постава” шуда, ҳоло дар маҳбас аст. Бе падар калон кардам. На сигоркаш буду на шаробнӯш.  Бовар кунед, шароит надорам…”

-Шумо ҳозир аз мо чӣ мехоҳед?,- суол кард раис, — Писаратонро мо аз Русия  оварда наметавонем.  Ин кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст.

-Чор фарзанд дорам. Ду духтару ду писар. Писари калониам таксист шуда кор мекунад. Аз бонк қарздорем. Писарам пули бонкро базӯр месупорад. Бемории қанд дорам. Фақат зӯрам барои хариди  як дору мерасад.  Барои табобат кумак кунед, — хоҳиш кард ин зан.

Бобишо Холзода ба сардухтори ноҳия дастур дод, ки  аз рӯи имконият ба ин зан дасти мадад расонанд.   

Маҳмуд Бердиев, сокини ноҳия доир ба баҳс ва худсарона азхуд кардани замини чарогоҳаш аз ҷониби шахсони алоҳида шиква кард. Ӯ гуфт, ки 11 гектар замини чарогоҳ дорад. Аз дигар минтақаҳои атрофи Файзобод омада, маҷбуран дар заминаш молҳоро мечаронанд.   

-Чанд сол шуд, ки заминро истифода мебаред?,-пурсид раис.

-Аз соли 1997.

-Чаро то ин вақт атрофашро маҳкам накардед?  

-Соли гузашта чанд маротиба намондам, ки молашонро ба замин дароранд. Аммо корашонро карданд. Онҳо аз номи набераи Президент ҳарф мезананд. Намедонем, ки ҳақиқиқат дорад, ё не.

— Бадном мекунанд,- садо баланд карданд масъулини мақомот дар толор.

-Як гӯсфандашон чӯлоқ будааст. Иддао карданд, ки ту пояшро шикастӣ. Гуфтам, ки ман инвалид ҳастам. Туҳмат накунед. Ба ғазаб омода маро заданд. Милиса овардем, писанд накард. Илтимос, як бор равед, бинед, ки мо чӣ қадар азоб дорему меҳнат мекунем. Дар оила 18 нафар хӯрандаем.

-Охир ин қадар заминро гирифтӣ, аққалан атрофшаро оҳиста-оҳиста махкам намекунӣ? Афсонаатро бас кун! Тоҷикҳо як масал доранд, даратро махкам куну ҳамсояатро дузд нагир. Дашти васеъ аст. Нашавад, ки ман соати 1-и шаб раваму замини шуморо қаровулӣ кунам?  — гуфт дар посух раис ва тавсия дод, ки шаҳрванд  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ариза нависад.

Давоми чанд соате, ки дар қабули раис иштирок доштам, аксарияти шикояти мардум дар масъалаи  тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва кумаки иҷтимоӣ буданд.  

-Ҳафтаҳои пеш теъдоди муроҷиаткунандагон зиёд, то 60 нафар буданд. Имрӯз пайи қадами шумо, журналистон муроҷиат кам аст, — бо хушҳолӣ гуфт як масъули қабул баъди аз толор баромадан.

У. Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *