АФСОНАИ КАЛАК ВА Ё “ЗЕМНОЙ” МАЛАК.  

           Хоке, ки ба зери пои ҳар нодонест,                                                 Каффи санамеву чеҳраи хандонест.                                             Ҳар хиште, ки дар кунгураи айвонест,                                      Ангушти вазир, ё сари султонест.           Хайём.        

 

    Ҳаёт дар асоси чор унсур пойдор аст, ҳамчун обу хоку оташу бод. Мабодо яке аз ин чор аносир кам ва ё зиёд шавад, ҳаёт дар рўи замин нопойдор мегардад. Аз ин чор унсур дутои он, обу хок гўё ба ихтиёри одами асту, дутои дигари он, оташу бод ба ихтиёри табиат аст.                        Аз пайдоиши оламу одам, мардумони ҳар миллату нажод, обу хокро муқаддас мешуморанд. Дар миёни давлатҳои мухталифи рўи олам ҷангу ҷидол баҳонаҳои зиёд дорад, вале сабаби асосии ҳама кашмакашиҳову нобасомониҳо миёни мардумони гуногуннажод обу замин, яъне хок аст, чуноне, ки Рўдаки мегўяд:                                                                             Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,                                                На б-ад он чашм, к-андар ў нигари.                                       Мо мардумони саодатмандем, ки дар миқёси ҷумҳуриамон 947 дарёву наҳрҳое мавҷуд аст, ки дарозии камтаринашон зиёда аз 10 километрро ташкил менамояд. Ба ақидаи коршиносони соҳаи оби ҷумхуриамон, аз он обҳое ки дар қаламрави кишварамон тавлид мегардад, мо ҳамаги аз 3 –то 5 % фоизи он обҳоро дар хоҷагии  мамлакатамон истифода мебарему халос. Боқи, аз  95 то 97 % — фоизи обҳои ватанї, дар соатҳои ба шумор бе  ҳеҷ гуна мамониату суд аз қаламрави кишварамон хориҷ мегарданд.  Бар замми он ки ин дарёву дарёчаҳо бе истифодаву суд аз  қаламрави мамлакатамон хориҷ мегарданд, боз дар натиҷаи обхезиҳо, хоса дар фасли баҳорон селобҳо ба вуҷуд омада,  хоки муқаддаси ватанамонро шуставу полида бурда ба баҳри Арал мерезанд. Дар натиҷа ба мо сангобҳои паҳноиашон 4-5 километра ва дарозиашон 30-40 километраи беҳосил побарҷой мемонад, ки ин мудҳиш аст.  Охир, сангу қум аз ҷумлаи ҷимодотанду бесамаранд. Коршиносони ҷаҳонї бар он ақидаанд,ки гўё баҳри Арал бо мурури замон аз норасогии об хушк шудан дорад. Он коршиносонро мебояд дар назар дошта бошанд, ки дар тўли ҳазорсолаҳо, балки миллионсолаҳо аз куҳҳои сар ба фалак кашидаи Тоҷикистону Қирѓизистону Афѓонистону Покистон, дарёҳои шуху сармаст мунтазам хоки муқаддаси ин сарзаминҳоро  бо суъати баланд хоса дар фасли баҳарон шуста бурда ба баҳри Арал ворид месозанд. Сабаби 14 километр соҳил пайдо намудани баҳри Арал ҳам дар ҳамин аст. Он «корогаҳонро» мебояд дар фасли баҳорон дар соҳилҳои дарёҳо нишаста наззора кунанд ва бубинанд, ки хоки муқаддаси дар об маҳлулшударо селҳо бо ҳам-ҳамаву дам-дама қисматҳои чапу рости соҳилҳоро канда бурда, ҳаволаи баҳри Арал месозанд.   Бо назардошти ман баҳри Арал на ин ки хушк шудан дорад, балки дар тули ҳазорсолаҳо ва ё миллионсолаҳо аз дарёҳову наҳрҳо, аз баландкуҳҳо, бо суръати тез қуму лойқаву хокро ба баҳри Арал ворид намудааст, ки дар антиҷа сатҳи поёнии ин баҳр баланд гардидаасту дар назари бинанда чунон менамояд, ки гўё оби баҳр кам шуда бошад. Аксари вақт мушоҳида мешавад, ки дар  баҳорон дар натиҷаи боронҳо, селҳо ба вуҷуд меоянд ва дар маҷрои дарёҳои Лучобу Варзоб,Кофурниҳону Вахш, Сурхобу Ёхсу ва дигар дарёву дарёчаҳо на ин ки об,  балки гўё лойқа ҷорї мешавад. Соле ин дарёҳо миллионҳо ва ё миллиардҳо тонна хоки муқаддаси ватаниро шуста бурда ба баҳри Арал ворид месозанд. Коршиносони ҷаҳониро мебояд дар назар дошта бошанд, ки ин равиши худсаронаи табиат  ба мизони замину таъѓирёбии иқлими сайёраи Замин низ, бе таъсир намемонад, чуноне ки дар ҳаёти рўзгор мушоҳида шуда истодааст.        Дар даҳсолаҳои охир дар аксар давлатҳои рўи олам обхезиҳое ба вуҷуд меояд, ки таърихи он давлатҳо чунин обхезиҳоро ёд надорад. Баракси ҳол, дар аксар давлатҳои дигар хушксоливу нарасидани оби ошомидани мушоҳида карда мешавад, ки таърихи он давлатҳо низ чунин беобию хушксолиро ёд надоранд.  Сайёраи Замин як кура аст ва яке аз  сабабҳои сар задании обхезиҳо дар давлатҳои ҳамсоя ва бе об мондани қисматҳои дигари замин низ, ҳамин таъѓирёбии мизони замин аз ҳисоби дар тўли асрҳо, миллионҳо ва ё миллиардҳо тонна хоки муқаддаси  Афѓонистону Покистону Қирѓизистону Тоҷикистонро куч карда бурда, ҳаволаи поёноб намудани хоку қуму рег мебошад, ки боиси таъѓирёбии мизони кураи Замин мегардад. Пешниҳоде ки сарвари давлатамон, даҳсолаи амалиёт, «об, барои рушди устувор» дар солҳои 2018-2028 аз СММ намуданд,  аз ҷониби дабири кулли СММ —  Пан Ги Мун  бо дастгирии намояндагони 173 давлати рўи олам пазирои ёфт. Дар ҳақиқат ин проблемаи глобали ва ҷаҳони мебошад, ки таъсираш новобаста аз сарҳаду қитъа, ба ҳаммаи давлатҳои  руи олам баробар мерасад. Сарвари давлатамон дар як суханрониашон гуфта буданд, ки НОБ-и Роѓун пойдории НОБ-и Норакро садсолаҳо афзун мекунад. Ҳақ ба ҷониби сарвари давлатамон мебошад. Замоне ки қисмати болооби ҳавзаи обанбори Норакро мушоҳида менамудем,  дар  тўли 2-3 километр рў-рўи обанбор лойоб ҷори мешуд.  Маълум аст, ки он лойоб тагшин шуда сатҳи поёнии обанбори Норакро баланд месозад. Расо 45-сол аст, ки ин лойоб мунтазам аз баландкўҳ ҷори шуда сатҳи поёнии обанбори Норакро аз лой пур карда истода аст. Агар садд-плотинаи НОБ — и Роѓун роҳи он лойқаро набандад, дар  солҳои наздик сатҳи поёнии лойқаи обанбори Норак ба сатҳи пешбанд — плотинаи 300 – метраи он баробар мегардад ва ин иншооти ҳаётан муҳими стратегї, бо иқтидори пурра амал намуда наметавонад. Ҳамин ишорае, ки сарвари давлатамон карданд, барои шохсиятҳои бомаърифату худогоҳ, дарси ибрат аст.        Бо ин назария-теорияи пешвои мардумони кишварамон муҳтарам Эмомалии Раҳмон, мо метавонем хоки муқаддаси ватанамонро низ аз ҷори шуда, ба баҳри Арал интиқол шуданашро пешгири намоем, дар айни замон, ба  таъѓирёбии иқлиму мизони сайёраи Замин, мусоидат менамоем, чуноне, ки шоир гуфтааст:                                                                                       Замона панде озодвор дод маро,                                                Замонаро чу наку бингари, ҳама панд аст.                                       Аз нуқтаи назари олимони табиатшинос баъди таркиши бузург, Замин таърихи 13-миллиардсоларо дорад ва пайдоиши «Био» ва ё ба истилоҳ «Ҳаёт» таърихи 4-милиарду 500- миллионсоларо дар бар мегирад.           Он хоке, ки бо воситаи наҳрҳову дарёҳо дар соатҳои ба шумор аз қаламрави кишварамон берун мебарояд, бо гардиши айём дар тўли милионсолаҳо, балки миллиардсолаҳо гард-гард, қабат ба қабат аз ҳисоби табиати зинда, амсоли набототу ҳайвонот зам шуда, боиси пайдоиши ҳаёт гардидааст ва онро муқаддасу гироми мебояд дошт. Чуноне, ки шоир гуфта аст: Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар.     Шахсони бофарҳангу худогоҳ ба хуби медонанд, ки ҳаммаи аломатҳои кимиёвї, аз хок ҳосил мегарданд ва сарвату бойгарии тамоми мардумони рўи олам фақат вобаста ба замин аст. Аз пайдоиши оламу одам то кунун аз фазо як доллар ва ё як танга фурўд наомадааст.        Пири хирад Мавлонои Балхи башорат додааст, ки: Чусти куну турки кун, на нармии Тоҷики. Дар қаламрави давлати ҳамҷаворамон, Узбекистон зиёда аз 55 обанборҳои калон мавҷуд аст, ки дар ҳолатҳои зарурї, истифода мегарданд. Дар ватани мо, ки сарчашмаи тавлиди об аст, қариб, ки обанбор вуҷуд надорад. Он 10 обанборе, ки мавҷуд аст, барои тавлиди қувваи барқ пешбини шудаанд. Аз минтақаҳои  болооби кишварамон, ҳамчун Лахшу Тоҷикобод, Рашту Нуробод, Ванҷу Дарвоз, Балҷувону Сарихосор, Ховалингу Муъминобод ва бисёр дигар мавзеъҳо мардумони кишварамон гўё дар лаби оби равон лабташнаанд. 93% сарзаминамонро кўҳсорон ташкил мекунанд. Аз ин мебарояд, ки қаламрави мамлакатамон  93% ба обёрии сунъи эҳтиёҷ дорад.                   Аз қисмати чапу рости ин мавзеъҳои зикршуда, обҳои мусаффо ҷори шуда мегузаранд, вале барои мазраъҳои кишти мардумонамон,  дастнорасанд. Аз ин сабаб мардумони минтақаҳои кўҳистон дилсард шуда, на ин, ки ба обчакорї, балки ба боѓутокпарвари машѓул намегарданд.

Дар даврони Иттиҳоди Шуравї дар баробари барномаи Манзил-93, сохтани 11 обанбори бузург дар миқёси Чумҳуриамон тарҳрези шуда, ба нақша дароварда шуда буд, ки бо сабаби нобасомониҳои шаҳрвандии солҳои 91-92, амали нагардид. Бо амри сарнавишт ҳоло мо соҳибистиқлолем. Имкон дорем, ки дар ҳар як дараи обгузар  бо воситаи сохтани пешбанд-плотинаҳо, даҳҳо обанборҳо бисозем ва соҳаҳои кишоварзиву моҳипарвариву боѓутокпарвариро ривоҷу равнақ диҳем. Дар ҳавзаҳои обанбори Нораку Сангтудаву Сарбанд худ аз худ моҳиҳо инкишоф ёфта истодаанд. Бо андак меҳнати илмиву ақлонї, ин соҳа метавонад рушд намояд, ки аз ҳамаи соҳаҳо дида, соҳаи моҳипарварї мусоиду сермаҳсул аст. Аз як моҳї,  соле ҳазорҳо насл ба вуҷуд меояд ва нисбати соҳаи парандапарварї ва чорводорї зудтар инкишоф ёфта, бо сарфи  андак гўшти парҳезии аз ҷиҳати экологии тоза ҳосил намудан имкон дорем.  Дар рўи  лаълу ёқуту нуқраву тилло ҳеҷ гуна маҳсулот намерўяд ва ин ҷавоҳироти зикршуда, маҳсулоти хуроквори буда наметавонанд. Вале одамиро аз рўзи чашм ба олами ҳастиву шаҳодат кушоданаш то нафаси вопасин аз таъом хурдану либос пўшидан, чора нест ва зояндаи ҳама гуна маҳсулот фақат обу  хок аст, ки одамон ѓайри ихтиёр обу хокро, муқаддас мешуморанд. Кормандони воломақоми ҳамаи сохторҳои ҷамъиятиро месазад ба дастурхонашон бо чашми хирад назар намоянд, он гоҳ ба қадри обу хоки ватанї ва дастранҷи деҳқон мерасанд.  Зояндаи ҳама гуна маҳсулоти моддї, обу хок аст, ки яке бе дигаре воситаи ҳаёт буда наметавонад.

 Моро мебояд на ин, ки аз 3-то 5-фоиз, балки аз  30 – то 50 фоизи обҳои ватаниро дар хоҷагиҳои гуногуни кишварамон  истифода намоем. Дар он марид мамлакатамон даҳчанд сарватманду пуриқтидор мегардад, ки боиси  ифтихору сарбаландии мардумони диёрамон мебошад.             Бо оқилона истифода бурдани обҳои ватанї, мо метавонем ҳамзамон хоки муқаддаси кишварамонро низ аз бефоида рафта ба  баҳри Арал ворид шудан, эмин нигоҳ дорем, ки «Об» фақат бо иштироки «Хок» воситаи ҳосилу ҳаёт шуда метавонад. Бо истифодаи оқилонаи аз 30 % то 50 % фоизи  обҳои Ватанї, об на кам мегардаду на нест мешавад. Баъди обёри намудани заминҳои куҳсори Ватанї, об филтр шуда таровиш хурда соф шуда боз ба маҷрои аввалааш бармегардад, чуноне, ки мегўянд: Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошиност. Бо шарофияти истиқлолияти давлатамон қудрату тавоноие, ки дар айни замон дорем, мо метавонем ҳамаи дарёҳову наҳрҳоро соҳилбанди намоем ва истифодабарии обҳои ватаниро ба низоми муайян дарорем.                Даҳсолаҳои охир хатари азбайнравии пиряхҳо мушоҳида мешавад ва аз 14 ҳазор пиряхҳои ватанї, 1000-тои онҳо ба кулли нобуд гардидаанд ва ин нобудшавї оҷилан идома дорад. Бо сохтани дар ҳар як дараи обгузар аз 5 то 10 мини-пешбанд-плотинаҳо, табиати ватанї пуртароват мегардад, ки барои мавҷудияту аз байн нарафтани пиряхҳои ватанї мусоидат менамояд. Замин мудом бо Осмон дар диалог аст. Замоне, ки аз ин ҳавзаҳои сохтаамон об бухор мешавад, он бухор дар қабати гидросфераи фазо  муаллақ мемонад ва дар мавсими тирамоҳу зимистону баҳор гашта ба ҳамон мавзеъ ҳамчун барфу борон, меборад. Фақат бо ин роҳи табии мо имкон дорем пиряхҳоро аз нобудшавї эмин нигоҳ дорему ба мувозинати кураи Замин низ, андаке ҳам бошад, мусоидат намоем.  Ба замми ин бо сохтани мини-плотинаҳо аз сангобҳои беҳосил мо имкон дорем бо тариқи автоматик заминҳои сунъии таровишашон хуби ҳосилхез бунёд намоем.   Ҳар кори хайру савобро мебояд таъҷилан амали намоем вагар на ҳамчун миллионсолаҳои гузашта бо ҳамон асли қадимааш  хоҳанд монд.

Дар ин кори ҳаётан муҳим давлату ҳукуматро мебояд бо СММ ҳамкори намуда, аз рўи илми муосир як барномае бисозанду борои дар амал татбиқ намудани он дастаҷамона саҳмгузори  намоянд, чун ки ин проблемаи глобаливу умумибашари аст. Бо шарофияти истиқлолияти давлатамон ва бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлатамон муҳтарам Ҷаноби Олї мо заводҳои пуриқтидори сементбарорию арматурбарориву оҳангудози дорем, ки барои дар ҳар як сангобҳои паҳноиашон 3-4 километра аз рўи илми муосири геодезї, сохтани пешбандҳо ва ё платинаҳои баландиашон аз 6 то 7 метраро ба роҳ монем ва заминҳои ба сангобҳо мубаддалгаштаро аз нав умри дубора бахшида, ба киштзорҳо мабаддал гардонем. Дар натиҷаи сохтани мини-пешбандҳои бо баландии 6 – 7 метраи сохтаамон, заминҳои бо обтарозуи табии ҳамвору корам ҳосил мекунем, дар айни замон суръати баланди ҷори шудани обро пешгири намуда, муътадил менамоем. Дар айни ҳол мо имкон пайдо мекумем, ки дар ҳар пешбанди сохтаамон як ва ё ду неругоҳҳои барқии хурд, мини НОБ-ҳо насб намоем ва куҳистонҳои дурдастамонро бо  барқи истеҳсоли ҳамон мавзеъ таъмин намоем. Тоҷикистонро беҳуда «Уқёнуси барқ» ном наниҳодаанд. Ҳамзамон мо имкон пайдо мекунем, ки бо воситаи насосҳои оббарории замонавї аз  200 то 500 метр ва ё аз ин ҳам зиёд соҳилҳои чапу рости куҳии он сангобҳоро бо тариқи сунъи обёри намуда, заминҳои ҳосилхез таъсис диҳем. Дар ин заминҳо мо метавонем кишти  чой-ро ба роҳ монем, ки дар ҷомеа талабот ба чой  бисёр зиёд аст ва табиати кишварамон барои парвариши ниҳолҳои чой мусоиду қулай аст. Дар бозорҳову дуконҳо нархи як килограмм чой аз 50 то 100 сомони арзиш дорад, дар Гурҷистону Ҳиндустону Краснодар бошад, қариб,ки чой арзише надорад, чун ки ҳар кас имкон дорад дар замини наздиҳавлигиаш ниҳоли чой парвариш кунад. Ҳамчунон дар заминҳои бо обтарозуи табии ҳосил намудаамон имкон дорем кишти шолиро роҳандози намоем. Дар он маврид биринҷи ватанї, нисбати биринҷҳои Краснодару Тайланду Покистону оқпари Узбекистон нисбатан арзон мегардаду дастраси ҳамагон мегардад, чуноне, ки аллома Бобоҷон Ѓафуров гуфтааст: Оши ҳамсоя, серкунанда нест, ҳар касро мебояд оши худашро дошта бошад. Дар миёни  мардумони туркнажод мақоле ҳаст, ки: Зи пулат як пулат монад, палав хур, Зи рўзат як рўзат монад, палав хур. Палавро танҳо бо биринҷ омода месозанд.

          Тоҷикистон сарзамини камзамин аст. Умед фақат  ба олимони соҳаи геодезиву агросаноативу фарзандони бохираду бомаърифати диёрамон мебошад, ки роҳҳои неки истифодабарии оқилонаи обу заминро ба мардумони кишварамон фаҳмонанду ёрии илмию иқтисоди расонанд. Таҷриба шудааст,ки мардумони қисмати ѓарбии ноҳияи Восеъ  дар сангобҳо,  бо паҳноии 100 – 150 метр аз санг пешбандҳо месозанду аз лойқаи овардаи сел борои кишти шоливу пиёз замини корам ҳасил мекунанд. Соли оянда сел биёяд, боз ҳамон қиъаи замини корами ҳосил намудаи онҳоро шуста бурда ҳаволаи баҳри Арал месозад,ки ин бисёр аламовар аст. Олимону дастандаркорони ватаниамонро мебояд аз таҷрибаи рўзгори гузаштагонамон ибрат гирифта дар асоси илми геодезии замонавї  барномае бисозанду обу хоки ватанамонро аз рўи илми муосир ба як низоми муайян дароранд. Дар он маврид иқтидори мамлакатамон даҳчанд меафзояд, ки боиси хушнудиву некуаҳволии мардумони кишварамон мебошад.

Сарвари муаззами давлатамон дар яке аз паёмҳои солонаашон гуфтаанд, ки дар тўли даҳ соли охир  43-ҳазор гектар заминро ба мардумони кишвар, барои бунёди хонаҳои истиқомати қисмат намудаанд. Масоҳати ҷуѓрофии кишварамон 143-ҳазор километри квадратиро ташкил мекунад, ки аз ин 93 % дар сади онро кўҳсорон ташкил мекунанд. Ҳамаги 7 % дар сади он заминҳои кораму обианд, ки тақрибан 800- ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Як қисми ин заминҳои қисматшуда, заминҳои обии ҳамвору барои  кишту кор мусоиданд. Мардумон аз меҳрубонии сарвари давлатамон сипосгузоранд, вале шоири шаҳири миллатамон Мирзо Турсунзода гуфта аст: «Ошён гар мегузорї, дар баландиҳо гузор. Дар баландиҳои кўҳи сарбаланди мо гузор». Ин назарияи устоди хирадманд саҳл нест. Ҳар кас кўшиш бар он дорад, ки девораш аз девори ҳамсоя як ваҷаб баландтар бошад. Табиати диёрамон худ аз худ аз кўҳҳо пойдевор (фундамент)-и баланд барои мо муҳайё намудааст. Барои ҳаёти солим ҳавои тоза дар дараҷаи аввал меистад ва ҳавои тоза фақат дар кўҳсорон аст. Ашхоси бомаърифату худогоҳ барои ҳавои тоза нафас гирифтан рўзҳои истироҳатиашонро берун аз машѓалаи шаҳр, дар табиати куҳистон мегузаронанд.  Аксарияти одамон ин нозукиро дер дарк мекунанд, ки дигар суде намебахшад. Давлату ҳукуматро мебояд як барномае бисозад ва дар талу теппаҳо биноҳои истиқоматии на камтар аз сеошёна бисозанд. Дар он мавзеъҳои аҳолинишин, бунгоҳҳои тибби, мактабу майдончаҳои спорти сохта, фарқияти шаҳру деҳотро аз байн бибаранд. Дар он сурат кўҳистонҳои ватанї ҳамчун шаҳракҳои афсонави ободу зебо гашта, ѓунҷоиши аҳолї дар мамлакатамон ба низоми муайян медарояд ва заминҳои  барои кишту кор  мусоидро сарфа менамоем. Садрнишинони вазоратҳои мутасаддии обу замини Ватаниро мебояд ҳамчун пешвои мардумони кишварамон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон дурандеш бошанд ва дар пайравии дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олї бо ҷаҳду талош дар ҳама ҷанбаҳои рўзгор фидокору самими бошанд. Вақт маътал наменистад. Умедворам шасиятҳои бофарҳангу ҳудогоҳ ин андешарониҳоро дастгири намуда дар амал татбиқ менамоянд. Бо ин назария-теория меҳоҳам саҳми худамро андаке ҳам бошад дар рушду нумўи кишвари куҳанфарҳанги тозабунёдамон гузошта бошам. Олимони соҳаи гидро ва агросаноатии Ҷумҳуриамон конфронсе барпо намоянду манзурашонро бо тариқи суол бозпурси намоянд, ҳозирам, ки ба суолҳои додаашон посухҳои дуруст диҳам ва якҷоя дар ин проблемаи глобаливу умумибашарии мубрами рўзгор ҳамкори намоем. Ду сол қабл манзурамро дар газетаи Минбари Халқ, таҳти унвони «Биё Ҳафтдар бисозем» ба самъи зиёиёну равшандилони Ватанї расонида будам. Вале аз ҳеҷ минбаре акси садое набаромад. Ҳоло тасмим гирифтам тариқи расонаи хабарии замонавї манзурамро ба самъи мардони кории ба ору номуси Ватанї бирасонам. Кам нестанд ашхосе, ки ин гуфторро «афсона» мепиндоранд, вале ҳама мехоҳанд, ки афсонаи хонда ва ё шунидаи онҳо амали гардад. Ҳаёти одами низ ҳамчун афсонаест, ки ҳамаи афсонаҳо бо сухани «буд ё набуд» оѓоз мегардад. Беҳтарин шиори китоби муқаддаси Зардуштиён-Авасто ин, гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек мебошад, ки барои мардумони бофарҳангу худшинос як ҷаҳон маъно медиҳад. Тарзу усули қариб, ки ройгон сохтани ин гуна пешбандҳоро дар фурсати муносиб хоҳам гуфт. Дар интиҳои сухан панди ҳакимонаи Абуабдуллои Рўдаки ба ёди кас мерасад, ки гуфтааст:

Ҳар, ки н-омухт аз гузашти рўзгор,                                                   Ҳеҷ н-омузад зи ҳеҷ омўзгор.                                                              Ба мардумони худогоҳу маорифпарвари кишвари азизамон бурдбориҳо таманно дорам.

  Раҳмат   Шералиев

Омўзгор аз ноҳияи  Восеъ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *