Ҳафткӯл оби худро аз даст медиҳад
Сатҳи оби кӯлҳои Ҳафтӯл нисбат ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ аз 3 то 15 метр паст фаромадааст, ки ин ҳолат нигаронии коршиносонро ба бор овардааст. Масалан агар дар кӯли 7-ум, ки «Мижгон” ном дорад, сатҳи об 5 метр нисбат ба меъёри муқаррарӣ паст фаромада бошад, дар кӯли «Соя” сатҳи об то 2 метр паст рафтааст. Дар кӯли Хурдак сатҳи об 15 метр назар ба маъмулӣ кам шудааст.
Чанде пеш як гурӯҳ кормандони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат барои гузаронидаи экспедитсия ба мавзеъи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент сафар намуда, сатҳ ва ҳолати оби кӯлҳоро чен кардаанд ва аз ин ба ҳукумати мамлакат гузориш хоҳанд дод.
Абдурашид Тағойбеков, сардори маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ мақсади экспедитсияашонро баҳо додани ҳолати кӯлҳои баландкӯҳ дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар водии Зарафшон аз ҷумла кӯлҳои Ҳафткӯл маънидод намуд.
Бино бар маълумот ва санҷишҳои мутахасисони маркази яхшиносӣ, дар ҳафт кӯли «Ҳафткӯл”, сатҳи об якхела паст нашуда, миқдори баландии сатҳи об гунонун будааст.
Масалан агар дар кӯли 7-ум, ки «Мижгон” ном дорад, сатҳи об 5 метр нисбат ба меъёри муқаррарӣ паст фаромада бошад, дар кӯли «Соя” ин сатҳ 1-2 метрро ташкил медодааст – гуфт Абдурашид Тағойбеков.
Аз рӯи мушоҳидаҳо ва натиҷаи экспедитсияи мутахасосон аз ҳама сатҳи пасти об дар кӯли «Хурдак” ба қайд гирифта шудааст, ки он 15 метр аз сатҳи муқарарӣ поён фаромадааст. Дар кӯли 6-ум, яъне кӯли «Соя” сатҳи пастии об 1-2 метрро ташкил медодааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳа, сабаби дар ин сол нисбатан кам будани обро дар кӯлу дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, камбориш омадани зимистони имсола медонанд.
Вале мутахасисони соҳа мегӯянд, ҳоло ҳарорати ҳаво дар водиҳо нисбатан салқинтар асту аз инрӯ раванди обшавии барфу пиряхҳо суст аст ва об камтар ҷорӣ шуда истодааст. Бо гарм шудани ҳаво дар кӯҳу водиҳо шояд оби кӯлу дарёҳо меъёри муқарраргардидаашонро гиранд – андеша доранд коршиносон.
Исомиддин Саидмуродов, мутахасиси соҳаи об, ки собиқаи кории 43 сола дорад, мегӯяд, ки солҳои пеш аз Моғиёндарё, ки бо ду дарёча: Шинг ва Моғиён якҷоя мешавад, 8 – 9 метри мукааб об ҷорӣ мешуд, аммо дар моҳи март, ин нишондод 3 – 3,5 кубро ташкил дод.
Ба гуфтаи мутахасисон оби кӯлҳои Ҳафткӯл аз захираҳои барфи кӯҳҳои Фон сарчашма гирифта, тариқи дарёчаи Шинг ба «Моғиёндарё” мерезад.
Тариқи «Моғиёндарё” бошад, 3 канали магистралӣ об мегиранд. Аз ин ҷост, ки дар нимаи фасли баҳор дар каналҳои худҷории Панҷакент мушкилоти оби полезӣ ба миён омада буд ва ҳатто дар яке аз ин каналҳо, канали «Тӯхсан – корез” зиёда аз 10 рӯз об набуд, ки боиси талафоти зиёди зироату кишти деҳқонони панҷакентӣ гардида буд.
Ҳафткӯл яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ дар мамлакат буда, махсус бо ҳамон кӯлҳои зебо ва обҳои мусаффояш дили ҷаҳонгардонро тасхир намудаасту ҳамасола садҳо нафар сайёҳони дохиливу хориҷиро ба инҷо мекашад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ