Афзоиши қарзи мушкилситони андоз дар Шаҳритус
Феълан бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Шаҳритус беш аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар панҷ моҳи соли равон наздики 440 ҳазор сомонӣ аз ин қарз кам карда шудааст.
Сафармаҳмад Шарипов, муовини сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки қарзи андоз аз солҳои пеш омада истодааст. Ӯ мегӯяд, имсол бошад, назар ба солҳои гузашта бақияи қарзи андоз ба таври назаррас кам карда шудааст.
“Дар оянда ҳам барои кам крдани бақияи қарзи андоз кӯшиш хоҳем кард. Дар аввали сол ин қарз зиёда аз 7 миллиону 212 ҳазор сомонӣ буд. Давоми панҷ моҳ ба 6 миллиону 777 ҳазору 224 сомонӣ паст карда шуд”,- афзуд мавсуф.
Бо вуҷуди бақияи қари андоз боз дар ноҳияи Шаҳритус зиёда аз 2 миллиону 370 ҳазор сомонӣ қарзи мушкилситон мавҷуд будааст. Сафармаҳмад Шарипов афзуд, ки ин қарз ба панҷ ҷамъият тааллуқ дорад. Ӯ мегӯяд, қарз каме бештар аз 1 миллион сомонӣ буд. “Аз сабаби сари вақт пардохт накардан, он афзоиш ёфтааст”,- таъкид кард вай.
— Як миллиону 133 ҳазори қарзи мушкилситонро ҷарима ташкил мекунад. Панҷ ҷамъият дар рӯйхати қарздорони мушкилситонанд. Ситонидани ин гуна қарзҳо мушкил аст. Роҳбарони ҷамъиятҳоро пайдо кардан ғайри имкон аст,- мегӯяд Сафармаҳмад Шарипов.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ