СПИД

Афзоиши ҳамҷинсгароӣ сабаби афзоиши СПИД дар кишвар

Рамазон Раҳимзода — вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ба гуфти вазир, ҳамҷинсгароён яке аз омилони асосии афзоиши бемории ВНМО дар кишвар будаанд.

“Мушкилоти асосии ҷомеаи мо паҳншавии бемории Вируси норасоии масунияти одам, яъне СПИД аст. Мо бо Вазорати тандурустӣ нақшаи мушатарак дорем ва бо хурӯҷи ин беморӣ мубориза мебарем. Сабаби якум ва асосӣ истеъмоли маводи мухаддир аст, ки ба воситаи сӯзандору мегузаронанд. Дуюм фоҳишагарӣ аст. Сеюм ҳамҷинсгароист, ки имсол зиёд ба қайд гирифтем. Танҳо дар шаҳри Душанбе соли равон 10 нафар ҳамҷинсгаро боздошт шуданд, ки дидаву дониста 86 нафарро сироят кардаанд”,- гуфт вазир.

Ёдовар мешавем, ки дар қаламрави Тоҷикистон аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин сӯ 14 540 нафар шаҳрвандони мубтало ба ВНМО сабти ном шудаанд. Дар шаш моҳи аввали соли гузашта 548 нафар шахси гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 352 нафар мард ва 196 нафар зан мебошанд. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *