Афзоиши ҳукми қатл дар Эрон
Созмонҳои мухталифи ҳуқуқи башар мегӯянд, ки танҳо дар ҳафтаи охири моҳи июли соли ҷорӣ дар Эрон 32 нафар, аз ҷумла се зани муттаҳам ба куштори шавҳаронашон ба эъдом маҳкум шудаанд. Дар ин бора BBC иттилоъ додааст.
Созмони Ҳуқуқи башари Эрон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2022 дастикам 251 нафар, аз ҷумла 6 зан ва 67 ақаллияти балуҷ эъдом шудаанд.
Ин нисбат ба теъдоди эъдомҳо дар ҳамин давраи соли 2021, ки 117 нафар эъдом шуда буданд, ду баробар бештар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ