Афзоиши боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Душанбе
Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Душанбе 23,4% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 114,3 ҳазор сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ аз шаҳри Душанбе боздид намуданд. Ин омор назар ба ҳамин давраи соли 2023 23,4% ё 21,7 ҳазор зиёд мебошад.
Зикр гардид, ки феълан барои сайёҳон дар пойтахти кишвар ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дар пойтахти Тоҷикистон 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ фаъол аст. Хатсайрҳои нави сайёҳии дохилишаҳрӣ тавассути автобусҳои дуқабата амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ташкил карда шуд.
Ин сохтор дар доираи дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон ташкил гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ