Афзоиши фарбеҳӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд 8770 нафар беморон бо фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2973 нафар зиёд мебошад. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, аз ин шумора кӯдакони синни то 14-сола 560 нафарро ташкил медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки «Барномаи пешгирӣ аз фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» дар Тоҷикистон қабул шуда буд.

Пеш аз қабули барнома масъалаи фарбеҳӣ ва вазни барзиёди сокинон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шуд ва собиқ вазири тандурустии кишвар гуфта буд, ки мавзуи мазкур ба «таваҷҷуҳи амиқ» ниёз дорад.

Бино ба иттилои расонаҳо, пажуҳиши Вазорати тандурустии Тоҷикистон собит кард, ки 17 дарсади аҳолии кишвар вазни барзиёд доранд ва 11,3 дарсади дигар аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ба ҷуз ин, ошкор шуд, ки 5 дарсади кӯдакони синни мактабӣ низ вазни барзиёд доштаанд.

6 сол пеш вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода фармон дода буд, ки милисаҳои фарбеҳ вазнашонро ба меъёр мутобиқ кунанд, вагарна аз кор ронда мешаванд.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *