Афзоиши гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Чин

Масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратии дуҷониба зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, зимни мулоқот зикр гардидааст, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳарду давлат ва таваҷҷуҳи хосаи онҳо ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Чин соли 2021 то ба 839,3 млн доллари ИМА ё 77,5 фоиз нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст.

— Вохӯрӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда сурат гирифта, ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, иқтисоди сабз, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёт ва логистикаро баррасӣ карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *