Афзоиши ҷинояти ноболиғон
Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
“Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида, 170 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар соли 2018 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 217 ҷиноят зиёд мебошад. Дар ҷумҳурӣ дар ин давра 21957 адад ҷиноят содир шудааст” – зимни нишаст гуфт Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ