Афзоиши нархи об ва корношоямии 320 техникаи махсус
Муовини аввали директор
— Ҳолати техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ яке аз камбудиҳои асосии соҳа мебошад. Аз 889 адад техникаи махсус, ки дар мувозинати корхонаҳои соҳа қарор дорад, 569 ададаш коршоям ва 320 ададашон корношоям аст. Аз шумораи умумӣ 350 адад (40 фоизаш) муҳлати дуюм ва сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд,- аз ҷумла гузориш дод зимни инъикоси фаъолияти иқтисодию молиявии ниҳодҳои корхона дар нимсолаи аввали соли равон муовини аввали директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Равшан Тӯйчизода…
Ба ростӣ, ҳамин гуна далелро роҳбарияти КВД «Хоҷагии коммуналӣ» дар ҳар нишасти матбуотӣ ба маълумоти рӯзноманигорон мерасонад. Пас ин қадар техника таъмирнашавандаю металлолом аст? Чаро баҳри ислоҳи мушкилоти мазкур тадбирҳо андешида мешавад, нокушода мемонад. Ин дафъа низ таъкид шуд, ки «барои беҳтар ба роҳ мондани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда харидорӣ намудани зиёда аз 800 адад техникаи махсус лозим аст”.
Р. Тӯйчизода ба саволҳои хабарнигорон посух дода гуфт, ки корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба маблағи 59 млн. 072,9 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 105,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаҳои соҳаи коммуналӣ нуктаҳои кабули лампаҳои симобдори аз истифодабаромада ташкил карда шуда, дар давоми солхои 2011-2015 ва нимсолаи солиравон аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 300,6 ҳазор адад ҷамъоварӣ карда шуданд.
Сабаби афзоиши нархи оби ошомиданиро дар минтақаҳои зерназорати Хоҷагии коммуналӣ муовин аввали ниҳоди мазкурР. Тӯйчизода бо болоравии қурби асъор марбут донист. Маълум шуд, ки аз 1 марти соли равон нархи хизматрасонӣ барои оби ошомиданӣ 10 фоиз баҳри аҳолӣ ва корхонаҳои хоҷагию тиҷоратӣ баланд бардошта шудааст. Аз 1-уми июл бошад, ташкилоти буҷетӣ низ барои истифодаи оби ошомиданӣ 10 фоиз бештар маблағ пардохт мекунанд. Ба гуфти ӯ аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон (ба истиснои шаҳри Душанбе) барои ҳар як метри муаккаби об 0,83 сомонӣ парбохт менамояд. Пештар ин маблағ ба 0,75 дирам баробар буд.
Э. Назаров
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ