Афзоиши пули русӣ анқариб баробари сомонӣ идома дарад

Пули русӣ афзоиши тадриҷиро дар баробари сомонӣ идома дода,ба нишондиҳандаҳои қаблияш наздик мешавад

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон идома дорад.

Пули русӣ қариб ба сатҳи охири соли 2021 боло рафт, аммо ҳанӯз аз ҳадди максималии худ, ки қаблан ба он расида буд, дур аст.

Тибқи қурби БМТ, ҳоло ҳазор рубл 151,2 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки рӯзи душанбеи 7 феврал дар сатҳи 148 сомонӣ муомилот мешуд. Афзоиши умумӣ се зинаро ташкил дод.

Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш метавонад чанд зина боло бошад, иттилоъ додааст 11 феврал — Sputnik. 

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9193 сомонӣ арзиш дорад.

Ин асъор ҳарчанд тайи даҳ рӯзи ахир беш аз 30 сомонӣ афзоиш ёфт, ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад. Агар дар аввали моҳи феврал як евро 12,60 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас қурби нав аллакай ба 12,92 сомонӣ иваз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *