Афзоиши сармоягузорӣ ба Тоҷикистон

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз афзоиши воридоти сармояи хориҷӣ ба мамлакат дар соли 2024 иттилоъ медиҳад.

То моҳи июли соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон 1,95 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар ин давра 153,9 миллион долларро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар шудааст.

Раҳимзода таъкид кард, ки дар ин давра барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ кор бурда шуда, 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 млрду 16 млн доллар барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки барои ба имзо расонидани боз 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 345 млн доллар корбарӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *