Афзоиши таваллуд дар Хатлон
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми ду моҳи соли 2024-ум 14 ҳазору 111 ҳолати таваллуди зинда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 852 таваллуд зиёд аст.
Дар ин бора директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон Гулбаҳор Зарифова хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки соли 2023-юм дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 259 таваллуд ба қайд гирифта шуда буд.
Ба иттилои Зарифова, дар ин давра фавти модарон ҳангоми таваллуд кам гардида, давоми ду моҳ 4 ҳолати фавти модар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат кам мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ