Афзоиши таваллуди кӯдак дар Тоҷикистон
Дар 6 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 112 515 нафар кӯдак таваллуд шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 303 нафар зиёд мебошад.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин, вазир иттилоъ дод, ки айни замон дар Тоҷикистон 21 616 табиб ва 62 489 ҳамшираи тиббӣ фаъолият мекунанд.
Ба гуфтаи Абдуллозода, ҳоло дар кишвар 1966 табиб ва 378 корманди хурди тиббӣ намерасанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ