Агар хешу табор ва ёру дӯстонаш ҷасадро нагиранд, онро месӯзонанд…

Ин амали бамиёномада боиси нигаронист. Ва мо бояд ҳамагон ба он кумак намоем, то ҷасадро гирифта, ба хок супорем. Вагарна онро месӯзонанд…

Дар Интернет аксҳои муҳоҷири ҷавон аз Тоҷикистон Эшназаров Парвиз Абдуназарович, санаи таваллудаш 23-юми декабри соли 1990 нашр шудааст.

Дар эълон гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар Русия ба сабаби номаълуме вафот кардааст ва ҷасадаш тайи зиёда 10 рӯз боз дар морги шаҳри Лосино-Петровскийи вилояти Маскав қарор дорад. Ин шаҳр дар тақрибан 35-километрии шарқи Маскав (тавассути Шёлковское шоссе) ҷойгир шудааст.

Аз наздикон ва дӯстони Парвиз Эшназаров хостаанд, ки ҷасади ӯро гирифта, худ ба хок бисупоранд, вагарна ӯро дар морг крематсия мекунанд, яъне месӯзонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *