«Агар хоҳед, ки зинда монед, таслим шавед!»

Чунин даъват ба амал овард Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ аз толибон.

Вазири мудофиаи Афғонистон Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ ҳаракти «Толибон»-ро ба таслим шудан даъват кард. «Агар хоҳед, ки зинда бимонед, таслим шавед!». Ин муроҷиати вай ба толибон имрӯз дар сафҳаи фейсбукиаш интишор ёфтааст.
Вазир Муҳаммадӣ иттлоъ додааст, ки шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаҳои пайдарпайи ҳавоӣ ва заминии неруҳои интизомӣ дар қаламрави Афғонистон беш аз 385 толиби террорист кушта ва зиёда аз 300 нафари дигар захмиву боздошт шудаанд.

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ бо вбоварии том навиштааст, ки “Барои саркӯб кардани террористон — ирода, нақша ва тавонмандӣ мавҷуд аст”. Ӯ барои дастгирии ҳамаҷониба ва қатъии неруҳои амниятии ҳукумат онҳоро аз ҷониби халқ изҳори сипос ва миннатдорӣ кардааст.

Мутобиқи гузориши қаблии рӯзномаи “Washington Post”, ҳукумати Афғонистон “Сафарбаркунии миллӣ”-ро, ки ҳадафи он мусаллаҳ кардани ихтиёриёни маҳаллӣ ва эҳёи гурӯҳҳои мусаллаҳи қавмӣ алайҳи мубориза бо ”Толибон”* мебошад, шурӯъ кардааст. Мувофиқи навиштаи рӯзнома, президент Ашраф Ғанӣ ин иқдомро писанд намудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, роҳбари Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон чунин мешуморад, ки ҳатто агар ”Толибон“ кӯшиш кунанд, ки пас аз хориҷшавии неруҳои амрикоӣ бо роҳи низомӣ ҳокимиятро дар кишвар ғасб намоянд, ин “иштибоҳи калон” -и онҳо хоҳад буд.

«Онҳо метавонанд дар як давраи кӯтоҳ ва ё миёнамӯҳлат кӯшиш кунанд ва муваффақ шаванд ва пас аз он мо баъзе мушкилот мувоҷеҳ шавем. Аммо, агар толибон роҳи ҳалли низомиро интихоб кунанд, ин иштибоҳи бузурге аз тарафи онҳо хоҳад буд”, — гуфтааст Абдуллоҳ зимни мусоҳиба бо CNN.

Ёдовар мешавем, ки вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ чанде пеш вазири мудофиаи кишвар таъйин шуд. Номзадии ӯро Абдуллоҳ Абдуллоҳ пешниҳод кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *