Агар худ шамъи маҳфилҳо набошанд…

Аслан маломату санг задан сӯйи бузургон аккосу ғавғои сагонро монад. Ва дар таърих борҳо ин гуна бархӯрдҳо бо бузургон рух додааст. Рӯзгору зиндагиномаи Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино ва дигарон бозгӯйи ҳамин ҳақиқат аст.

Сангандозии Рустами Ҷонӣ ба сӯйи Аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин қабил аст. Аллома Ғафуров дар рӯзгори сахти идеологии шӯравӣ тавонист бо номи миллат асари ҷовидонии худро ба мо мерос монад. Мо бо «Тоҷикон» худро шинохтем, худро дар ойинаи таърих дидем. «Тоҷикон» чароғест барои рӯзу рӯзгори неку босафои мо.

Бузургии Аллома Ғафуров дар он аст, ки имрӯзро дар он рӯзгор дида тавонист. Фақат назаре андохтан ба рӯйхати сарчашмаву маъхазҳои илмии истифодабурдаи Аллома кофист, то мо хулоса намоем, ки чӣ заҳмати сангине дар ин росто сурат гирифтааст.

Санг андохтан сӯйи Аллома ҳанӯз ҳангоми зинда будани эшон оғоз гардида буд. Аллома худ ҷавобҳои қотеъ ба он танқидҳои пучу ғаразнок дода буданд. Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ин ҷараёни номатлуб дар байни душманони дохилӣ авҷи тоза касб карда буд…

«Бузургонро бузургон зинда медоранд», мешиносанду қадр мекунанд. Дар баробари Устод Айнӣ ба Аллома Бобоҷон Ғафуров додани унвони олии давлати соҳибистиқлоламон — Қаҳрамони Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муште ба даҳони тирасарону бадхоҳони миллат гардид.

Нашри чандкаратаву ахиран ба ҳар хонадон тақдим гардидани “Тоҷикон” — ин асари гаронбаҳо рашки бадхоҳонро аланга дод. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоби ғафлатзадагону душманони миллат халал расонд. Неши ин тоифа аз рӯйи табиат ва ботини зишташон сарчашма мегирад. Барои ин тоифа муҳим нест, ки ба кӣ неш мезананд: ба Устод Айнӣ, Аллома Ғафуров, Устод Турсунзода ва ё каси дигар… Муҳим он аст, ки санг андозанд, аз буди худ дарак диҳанд. Муваффақиятҳои тадриҷии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, расидан ба ваҳдату суботи комил, ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва монанди ин фазоро барои бадхоҳону душманони миллат танг кардааст. Намедонанд чӣ кор кунанд. Аз кадом камбудӣ гуфтанашонро гум кардаанд. Роҳҳои ба стандарҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ Тоҷикистонро ба кишвари воҳид ва транзитӣ табдил доданд. Аз бебарқӣ? Моли гузашта, “Роғун” бунёд мешавад, Бадахшон??? Мардуми сарбаланди ин минтақаи кишвар мақсадҳои созандаи Ҳукуматро дарк карда, аз қафои тӯдаи қонуншикан нарафтанд. Чӣ мемонад?

Душман сухан наёбад, думи сагат каҷ мегӯяд. Қадршиносӣ гардидани фарзонафарзанди миллат девонагонро девонатар кардааст.

Боқӣ, вассалом!

Сангини ГУЛЗОД, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *