Агар хуни тоҷик биҷӯшад…
5 дастоварди муҳими варзиши тоҷик дар соли 2019
Дастовардҳои имсолаи варзишгарони кишварро метавон таи панҷ соли охир бесобиқа унвон кард. Чун дар ин сол Сомон, Лоиқ, Хушқадам, Комроншоҳ ва дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳунару маҳорати худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллаӣ муаррифӣ карданд.
“Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд”, – мегӯяд халқ. Мо ҳам дар поёни сол қарор дорем, ки дастовардҳои муҳимтарини варзиши тоҷикро дар соли 2019 ёдоварӣ намоем.
Дастаи наврасони то 17 — сола
Воқеаи, аз ҳама муҳим барои варзиши Тоҷикистон дар соли равон роҳ ёфтани дастаи наврасони то 17 — солаи кишвар ба чемпионати ҷаҳон дар Бразилия маҳсуб меёфт. Дастаи наврасони тоҷик баъди ишғоли чойи дувум дар чемпионати Осиё тавонист роҳхати чемпионати ҷаҳонро ба даст оранд. Аммо дар чемпионати ҷаҳон байни наврасон, ки моҳи октябр баргузор гардид, наврасони Тоҷикистон баъд аз бохт аз мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина натавонистанд аз гурӯҳ бароянд ва аз идомаи масобиқа бенасиб гардиданд. Вале муҳим баромадан то Чемпионати ҷаҳон ва андӯхтани таҷрибаи футболи ҷаҳонӣ буд, ки наврасони мо ба он даст ёфтанд.
Дастоварди севуми Хушқадам Хусравов
Дастовардҳои Хушқадам дар риштаи гуштини самбо ва ҷудо беназиранд: 9 карат чемпиони Тоҷикистон (5 маротиба дар риштаи самбо ва 4 маротиба дар риштаи ҷудо) 5 маротиба Чемпионати Осиё (аз соли 2010 то 2014 дар Тошкенти Ӯзбекистон ва Саули Карея) ва ғайра. Беҳтарин дастоварди Хушқадам соли 2018 ба ҳисоб меравад чунки ӯ дар чемпионати ҷаҳони Бухарести Руминия дар риштаи самбо байни ҷавонон соҳиби медали тиллои мусобиқа гардида буд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 10-уми ноябри соли равон дар шаҳри Чхонджуи Кореяи Ҷанубӣ чемпионати ҷаҳон дар риштаи гуштини самбо баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро дар вазни то 62кг маҳз вазишгари таҳамтан Хушқадам Хусравов намояндагӣ кард.
Ногуфта намонад, ки Хушқадам Хусравов соли 2015 дар Ҷопон дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон медали нуқра ва соли гузашта медали тилло ва имсол соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ҳунарнамоии охирини Хушқадам низ олӣ буд.
Медали тиллои Сомон Маҳмадбеков
Сомон дар 6 — солагӣ маълум кард, ки ба варзиш мароқи беандоза дорад ва ин аз чашми падар пинҳон намонд. Падари ӯ, ки замоне варзишгар буд, ӯро ба кулуби варзишии “Динамо” назди мураббии кордону бомаҳорат Муҳаммадшариф Сулаймонов бурд. Ҳамин тавр, Сомони кӯчак нахустин тамринҳои гуштингириро назди ин мураббии кордон оғоз кард ва дере нагузашта дар мусобиқаҳо ба муваффақиятҳои нахустин ноил гардид.
Дар овони 9-10 — солагӣ тамрини Сомонро амакаш Эргаш Маҳмадбеков дида, ӯро ба Русия бурд, то ки тамринашро идома бидиҳад. Ҳамин тавр, як муддат ӯ тамринҳои худро дар шаҳри Эркутск идома дод.
Ниҳоят баъди гузашти солҳо барои Сомон рӯзи бузурге, ки орзу мекард фаро расид.
Варзишгари тоҷик Чемпиони Осиё дар риштаи гуштини дзюдо Сомон Маҳмадбеков рӯзи 17-ми октябри соли равон дар шаҳри Мароккои Марокаш байни ҷавонон иштирок намуда, бар ҳама рақибони худ ғолиб омад ва дар финал варзишгари рус Гиоргия Елбакиеваро аз сари роҳ бардошта, медали тиллои мусобиқаро ба гардан овехт. Корнамоии Сомон дар замони истиқлолият беназир буда, нахустин дзюдочии тоҷик мебошад, ки дар байни ҷавонони то 21 — сола медали тиллоии Чемпионати ҷаҳонро ба гардан овехт.
Ногуфта намонад, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки 517 варзишгар аз 81 давлати дунё иштирок доштан, ҳайати Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (66 кг), Қоим Шукронов (73 кг), Абубакри Акобир ва Имомризо Анварзода (кг) намояндаги карданд.
Лоиқ Раҷабов: Ғалаба бар шогирди Ҳабиб
Рӯзи 17-уми октябр барои мардуми тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда буд, чун дар ин рӯз ду паҳлавони тоҷик ба гунае ҷаҳонро такон доданд ва исбот карданд, ки агар хуни тоҷик биҷӯшад, кӯҳро бо як задан талқон мекунад. Агар Сомон Мамадбеков дар Марокаш соҳиби медали тилло шуда бошад, пас худи ҳамон рӯз Лоиқ Раҷабов Амрикоро ба ҳайрат овард.
Лоиқ Раҷабов шаби 17-уми октябри соли равон дар Лас-Вегаси Амрико дар мусобиқаи бонуфузи PFL-8 ду рақиби сарсахти худ Крис Уэйди амрикоӣ ва Ислом Мамедовро аз Русияро мағлуб намуда, ба финал роҳхат гирифт.
Ислом Мамедов яке аз шогирдони пурқуввати чемпиони ҷаҳон Ҳабиб Нурмуҳаммадов буда, дар мусобиқаҳои PFL хавфноктарин рақиб ба ҳисоб меравад, аммо Лоиқи чолоку ҷасуру нотарсу диловар ин рақибро таслими зӯри бозувони худ кард ва исбот намуд, ки ӯ дилхоҳ рақибро зеру забар хоҳад кард.
Комроншоҳ дар қатори топ 5 ҷудочии ҷаҳон
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври финалии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо — «Анталия Гран При — 2018» мақоми аввалро соҳиб шуда, медали тиллоро ба даст оварда буд, тибқи радабандии федератсияи ҷудои ҷаҳонӣ дар қатори панҷгонаи ҷудочиёни ҷаҳон дохил гардида буд. Бояд гуфт, ки Комроншоҳ дар мусобиқаи байналмилалии «Grand-Prix Tashkent 2017», ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд, созовори чои аввал гардида буд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо пас аз натиҷагирии мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Қингдаои Чин радабандии нави ҷаҳон ва олимпиро нашр кард.
Тавре Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни 90 кг дар мусобиқаи мазкур баромад мекард, боз ҳам ҷои панҷумро ба номи худ муҳр зад ва аз ҷои 35-ум ба зинаи 22-юми раддабандии олимпӣ баромад. Вале дар радабандии ҷаҳон як зина паст – аз ҷои 18- ба 19 фаромад.
Яҳё Маҳмаднабиев,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ