Агар камераҳо набошанд…Ё қурбониҳои рӯзафзун дар “ҷанги роҳ”

— Ака, мошинатро дар ҳамин ҷо нигоҳ дор, ман фароям…

— Наметавонам, камера ҷарима мекунад. Камтар тоқат кунед, пас аз 10-15 метр меистам.

— Оҳ ин камераҳо,- пас аз фаромадани ҳампаҳлуяш ба шикоят оғоз намуд мусофири дигари таксии “10-сомона” (мусофирбарони ғайриқонуние, ки дар давоми се соли охир нархашон аз 3 сомонӣ ба 10 сомонӣ расид),- аз дасти ҳаминҳо ва ҷаримаҳои ҳангуфташон ман мошинсавориро бас кардам. Беҳтараш пули ҷаримаро сарфа мекунаму ба мошини дигарон савор мешавам. Ҳам сӯзишворӣ сарфаю ҳам пулу ҳам “нерв”…

— Агар ҳамин камераҳо набошанд, ин шаҳри пурмошин аз Ҳиндустон бадтар мешавад…
— Шумо дар Ҳиндустон будед?,- савол кард ба ҳампаҳлуи солмандаш ҷавондухтари дигари мусофирбар бо шавқ…

Мард каме забон хоиду ҷавоб дод:

— Не, ҳамту дар киноҳо дида будам…

Ҳама табассум карданд…

“Агар камераҳо набошанд…”. Чунин андеша имрӯз дар сари ҳар сокине, ки бо мошин сарукор дорад ва ё аз он ҳамарӯза истифода мебарад, чарх мезанад. Яке шикоят мекунаду дигаре розӣ аст, ки  камераҳои назоратиро на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар тамоми роҳҳои саросари кишвар насб кунанд. Воқеан, агар камераҳои назоратӣ дар сари роҳи садамаи пурқурбоние, ки дар роҳи Мастчоҳи нав рух дод ва ҳарду ронанда аз мавҷудияти он огоҳ мебуданд, шояд суръатро баланд намекарданду имрӯз ҳафт марду зану кӯдак зери хок намешуданд. Агар камераи назорати автоматӣ дар роҳи Душанбе — Кӯлоб, Душанбе — Бохтар мешуд, шояд то имрӯз ҷони даҳҳо нафарро аз дасти марг наҷот додан мумкин буд. Агар ин камераҳоро дар аксари қисматҳои хатарноки шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ мешинонданд, бо боварии сад дар сад метавонистӣ гӯӣ, ки дигар “слепой поворот” марговар нест. Зеро пахш кардани хати буриши роҳ ҷаримаи калон дорад ва ронандае, ки мехоҳад онро “бурад”, пеш аз ин кор сад бор “бармекашад”, ки ин кораш ба ғайр аз хатари сарбасар шудан бо мошини аз рӯ ба рӯяш омадаистода боз чӣ зиёне дорад.

Дар суҳбатҳо баъзе нафарони беандеша баъд аз садамаҳо иброз мекунанд, ки “хайр айби худаш дия, чаро қоидаи ҳаракатро вайрон кард…”. Аммо андеша кунед, ки дар ҳар садама танҳо як нафар айбдор аст — ронандае, ки қоидаро вайрон намуд. Аммо он духтараки донишҷӯ ва он мӯйсафеди ҳафтодсолаю кӯдаки даҳсола чӣ гуноҳ доштанд?

Пас, ин ҷо айбҷӯӣ не, чораҷӯӣ лозим аст. Чораи муассире, ки ба ин “ҷанги” пурқурбонӣ хотима диҳад. Чаро “ҷанг”?

Бале, ҷанг дар роҳҳои ҳамвору зебои кишвар. Зеро, бо он ки роҳҳои мо имрӯз ҳатто боиси рашки ҳамсоякишварҳоямон гаштаанд ва ронандагони самарқандӣ бо мошинҳои худ ба Тоҷикистони мо меоянду аз мошинронӣ дар ин роҳҳо ба қавли худашон, “кайф” мекунанд, дар шаш моҳи охир 236 нафар ҷон додаанд. Яъне, ҳар ним сол мо дар ин “ҷанг” як рота сарбозро аз даст медиҳем, ки талафоти сангин аст.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилӣ, ба замми ин боз 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзудааст, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар аст. Яъне дар ҳар 3 рӯз 5 нафар ба ҳалокат расидаанд…

Алабатта, афзоиши шумораи мошинҳо низ ба зиёд шудани шумораи садамаҳо таъсир мерасонад, аммо тавре афсарони ботаҷрибаи БДА мегӯянд, аксари ин садамаҳои маргбор маҳз бо сабаби ҳаракат бо суръати баланд рух додаанд. Зеро дар ҳолати баланд набудани суръат, ронанда дар ҳар сурат метавонад мошинашро идора кунаду ҳолати  садамавиро бартараф созад. Аммо агар суръаташ баланд бошад, ба ин кор фурсат намеёбаду садамаро агар хоҳад ҳам, пешгирӣ карда наметавонад. Мардум беҳуда нагуфтаанд, ки “оҳиста рав, ҳамеша рав…”.

Пас, барои раҳоӣ ёфтан аз ин варта чӣ бояд кард, ки талафоти рота ба баталон табдил наёбад? Аксари чораҳое, ки то ин дам дида шудаанд, камтаъсиранд. Масалан то замоне, ки ришва ҳаст, ронандаҳои  нохонда сари чамбарак мешинанд, то вақте ки ришва ҳаст, корманди БДА ба ронандаи қоидавайронкун таъсир расонида наметавонад. Алҳол, ягона корманди “поквиҷдон” — ин боз ҳамон камераи назоратии автоматӣ аст, ки худаш ҷаримабандӣ мекунад. Ва агар чунин камераҳоро дар роҳҳои пурхатари беруназшаҳрӣ низ насб кунанду (аз ҳисоби маблағи ҷаримаи камераҳои худкори пойтахт) ба кори он дахолат накунанд, шояд танҳо ҳамон теъдоди қурбониёни роҳҳоро кам кунад…

… Мошини мо қад-қади рӯди тезоби Варзоб бо суръат ҳаракат дорад. Бо гӯшаи чашм ба суръатсанҷ нигоҳ мекунам: 90-95 километр/соат. Ба ишорачӯби роҳ нигоҳ мекунам: 40 км/соат. Ин дам чанд мошини аз рӯ ба рӯ оянда бо чароғҳои худ “чашмак” задан гирифтанд ва ронандаи мо “ГАИ” гуфту суръатро якбора ба 60 ва баъдан то 40 км/соат фаровард ва мо мисли “мусичаи бегуноҳ” аз назди ду корманди БДА, ки дар даст “радар” доштанд, гузаштем. Чунин чашмакзаниҳои  огоҳкунандаро ронандагон ҳамчун якдилии ҳамкасбон дар ҳама ҷо истифода мебаранд ва ҳамдигарро аз “аз хатар” огоҳ мекунанд. Баъди як хамгашти дигар боз ҳамон 80-90 ва то “чашмакзанӣ”-и оянда ва ё…

… Худо нишон надиҳад!


Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *