Шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла ширкати миллии радио ва телевизиони Узбекистон огоҳӣ гирифтаанд, ки аз ин ба баъд дар гузоришу барномаҳои худ аз Ислом Каримов, президенти собиқи он кишвар, ном набаранд.
Ин огоҳӣ дар оғози ҳафтаи равон дастрас шудааст.Яке аз барандаҳои шабакаи телевзионии Узбекистон гуфтааст,ки ин дастур аз номи мушовири президент Хайриддин Султонов ворид шуд. «Раҳбарият ба мо гуфт, ки агар номи Каримов дар эфир садо диҳад, саратонро мегирам. Ин амри мушовири президент аст”, Сармуҳаррири барномаҳои яке дигар аз телевизионҳои Узбекистон гуфтааст,ки ин на тавсия, балки тақозо аст. Ӯ гуфтааст,ки зиёиёни куҳансол баъзан дар суҳбатҳои худ аз Ислом Каримов ёдоварӣ мекунанд ва онҳо маҷбур шуданд, ки аз даъвати чунин «гуруҳи риск» ба барномаҳо худдорӣ намоянд.
Манъи истифодаи номи Ислом Каримов дар барномаҳои телевизионии Узбекистон дар асл як моҳи пеш ҷорӣ шуда буд.»Дар ҷаласаи рӯзи душанбе як бори дигар дар ин бора ба мо гӯшзад карданд. Дар оғози имсол ба мо тавсия дода буданд, ки ҳарчи камтар аз Ислом Каримов бигӯем. Бештар дар бораи “юртбошӣ” Шавкат Мирзиёев гап занем. Як моҳ аст, ки муҳаррирон дар матни барномаҳо номи Ислом Каримовро ҷуста, онро зуд ҳазф мекунанд. Ҳоло ба забон овардани номи Каримов хатарноктар аз он аст, ки номи Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҷунбиши Исломии Узбекистонро ба забон биоварӣ», — афзудааст ӯ.
Ба қавли журналист, шабакаи “Ёшлар”-и Узбекистон натанҳо истифодаи номи Ислом Каримов, балки намоиши аксу ҳайкалҳои ӯро манъ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти як пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Узбекистон барои насби акси Ислом Каримов дар маҷлисгоҳ ҳушдор гирифтааст. Ба қавли як донишманди узбек, ҳангоми ҷаласа раҳбарияти Академия амр додааст, ки ҳамаи аксу иқтибосҳои Ислом Каримов нест карда шавад. Моҳи июни имсол як донишшҷӯи Донишгоҳи давлатии Бухоро низ хабар дода буд, ки тамоми китобҳои Каримовро аз донишгоҳ ба корхонаи коркарди коғаз бурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ