Агар умр вафо мекард, ҳунарманд дар нақши «Рӯдакӣ» 86 -сола мешуд
Агар умр вафо мекард, ҳунарманд ва коргардони машҳур, фарзанди Тӯҳфа Фозилова Марат Орипов 86 — сола мешуд.
Имрӯз зодрӯзи ҳунарманд ва коргардони тоҷик Марат Орипов аст. Агар умр вафо мекард, Марат Орипов 86 – солагии худро таҷлил мекард. Марат Орипов ҳунарманд ва коргардони номии тоҷик 29 октябри соли 2018 дар синни 83 — солагӣ дар Душанбе вафот кард. Марат Орипов 27 августи соли 1935 дар шаҳри Душанбе, (Сталинободи пешина) ба дунё омадааст.
Ҳунарманд солҳои 1954 – 1960 дар факултаи актёрии Институти театри бадеии Ташканд таҳсил карда, соли 1965 факултаи режисёрии Институти кинематографии давлатии Русияро хатм намудааст.
Орипов дар бештар аз 20 филм нақш бозидааст. Соли 1960 ба Марат Орипов барои нақши Рӯдакӣ дар филми “Ҳаёти шоир” мукофоти ҷашнвораи Қоир ва ҷашнвоари Иттиҳодияи Шӯравиро дар Минск созовор донистанд.
Ҳунарманд охирин нақшашро соли 2014 дар филми “Муаллим” офарид. Барои ин нақш ба Марат Орипов мукофоти кинофестивали байналмилалии “Фаҷр” дар Теҳронро доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ