Агентӣ ришвахӯронро ба даст афтонд

Агентии мубориза бо зидди ҷиноятҳои иҷтисодӣ ва коррупсияи Тоҷикистон як корманди Вазорати корҳои дохилиро бо якҷо бо як ҳамдасти  дигараш бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия хонум З.М ва шаҳрванд А.А. мебошанд.

Боздоштшудаҳо дар асоси маслиҳати пешакӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154000 сомониро гирифта ин маблағро тасарруф намуда ба манфиати охирин ягон амали муайянеро иҷро накарданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати А.А ва корманди ВКД З.М бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда, ба боздоштшуда, ҷарима ба андозаи аз 87 ҳазору 600 сомонӣ ва ё аз 8 то 12 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *