Агентии ҳавосанҷӣ: То 22-юми январ ҳаво боронӣ боқӣ мемонад (аудио)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон то 22-юми январ ҳаво боронӣ боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳои куҳии кишвар барфи шадид меборад, шамол бо суръати 17-22 метр дар як сония мевазад. Рӯзҳои 21 – 22-юми январ дар баъзе ҷойҳо туман дар назар дошта шудааст.
— Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Варзоб — Айнӣ — Хуҷанд, Ваҳдат — Рашт — Тоҷикобод — Лахш, Душанбе — Сангвор, Ш. Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ, Хоруғ — Ишкошим — Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад,- меафзояд манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби барфи зиёд ва боди сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқ дар минтақаҳо вуҷуд дорад, дар куҳҳо ва роҳҳои куҳӣ ҳолатҳое назири барфтӯда, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд, ки ин ҳаракати мошинҳоро ба ҳар самт душвор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ