Агентии обуҳавошиносӣ: Рӯзҳои 28-29-уми январ барфу борон меборад

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 28-29-уми январи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба ин хабар маълумот медиҳад, ки инчунин дар баландкуҳҳо (болотар аз 2000 метр) барфи шадид дар назар дошта шудааст ва аз 29 то 31-уми январи соли равон дар баъзе ноҳияҳо туман ҳаворо тира мекунад.

— Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат — Рашт — Лахш — Қарамиқ, Ш. Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ — Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад ва лағзиши тармаву резиши санг низ эҳтимол дорад,- меафзояд манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд. Тавсия дода шудааст, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои куҳӣ меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *