Агентии обуҳавошиносӣ: То 8-уми март борони шадид дар назар аст
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 8-уми марти соли 2022 дар қаламрави кишвар борони шадид (дар баландиҳои беш аз 2500 метр барфи тар) дар назар аст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари боронҳои шадид хатари баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу (ҷануб) ва дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боқӣ монда, дар роҳҳои куҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли лағзиши тармаву резиши санг, махсусан дар роҳҳои Душанбе-Айнй, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруг-Ишкошим вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ