Агентии обуҳавошиносӣ: Вазъи обу ҳаво яку якбора ноустувор мешавад
Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 19-20-уми апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ яку якбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, боришот асосан дар намуди борон дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои доманакуҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои куҳии вилояти Суғд бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Рӯзи 20-уми апрел дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд боридани жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 19-уми апрел дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад.
— Рӯзи 20-уми апрел дар ноҳияҳои алоҳидаи куҳӣ, доманакуҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селӣ аз эҳтимол дур набуда, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ (ҷанубӣ) яку якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ