Агентии стандартизатсия роҳбарашро нав кард
Бо қарори Ҳукумат, Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар қарори Ҳукумат далели барканории Давлатзода Қудрат Қамбар аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Давлатзода Қудрат Қамбар ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Темурҷон Абдулваҳобзода, ки то ҳол муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ҷойгузини Давлатзода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ