Агентии зиддикоррупсионӣ идораҳоро зери назорат мегирад

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардааст, ки арзу шикоятҳои хешро дар мавриди фаъолияти 10 вазорату идораи давлатӣ ба унвонии ин ниҳод фиристанд.

 Агентӣ тасмим дорад, ки дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин идораҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “хавфи амалҳои коррупсиониро” ошкор созад.

Дар миёни идораҳои мавриди санҷиши онҳо Вазорати молия, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва вазорати меҳнату шуғли аҳолӣ шомил ҳастанд. Кумитаи сармоягузорӣ, кумитаи занон, ҷавонон ва телевизион ва радио низ мавриди таҳлили Агентӣ қарор хоҳанд гирифт.

Агентии зидди коррупсия  бо нашри рақами телефон ва имейли кормандони масъулаш дар вебсайти расмии худ аз мардум хостааст, ки дар мавриди кори ин идораҳо, саривақт баррасӣ шудани муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияташон ва, инчунин, кори торнамои расмиашон маълумот бидиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *