Агроном, сиёсатшинос, бонкир. Амиршо Миралиев мавлуд дорад
Имрӯз, 20 –уми декабр Амиршо Миралиев, собиқ раиси вилояти Хатлон ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Презденти Тоҷикистон ва ҳоло бонкир ва нафақахӯр мавлуд дорад.
Ӯ соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном, соли 1988 Мактаби олии ҳизбии Ленинградро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.
Амиршо Миралиев дар солҳои 1990-2000 — депутати халқӣ, вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2001, 2010-2015 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2005 ва 2005-2010 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Ӯ дорои мукофотҳои «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои ҷашнӣ «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медалҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «20-сол» (тиллоӣ), «25-сол», ордени Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ «Рафоқат» мебошад.
Ҳамзамон, Амиршо Миралиев дар солҳои 1994-2000 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо, солҳои 2001-2006 раиси вилояти Хатлон, 2006-2010 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз 2010-2015 вакил, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло ӯ раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк», ва ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ