Ахбори ВКД: Ташкили фоҳишахона дар Душанбе ва кордзани дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Рӯзи 26 январ марди 30-солаи сокини кӯчаи Испечаки пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкили фоҳишахона дастгир карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.
Гуфта мешавад, ки номбурда, санаи 26-уми январи соли 2020, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Меҳнатро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 32 ва зани 34-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ ҳаққи хизмат ситонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия рӯзи 27-уми январ марди 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони расонидани зарари вазнин ҷисмони ба писараммааш боздошт шуд.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, гумонбар бо писараммааи 32-солааш дар ҳавлии истиқоматии худ муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 11-мароти ба баданаш задааст. Дар натиҷа марди 32-сола зарари вазнини ҷисмони бардошта дар беморхонаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ бистари мегардад.
Гуфта мешавад, ки аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парванда боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ