Ахтари илми таърих
Арбоби илм ва техникаи Тоҷикстон, аъзои ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Роҳат Абдуваҳҳобовна Набиева аз чеҳраҳои шинохтаи илми таърих ва симоҳои намоёни макотиби олии кишвар ҳастанд, ки рӯзгори ибратомӯз ва ҳусни асарҳои пурарзиши таълимиву илмиашон барои толибилмон ва мутахассисони ҷавон чароғи раҳнамоянд.
Ин зани соҳибкаромат бо фаросати комил, илми вофир, ақлу заковат ва фитрату фазилати баландашон ба водии фарохи илми таърих қадам монда, дар тӯли умри пурсамар ва пурфайзи худ роҳи пуршарафи адои хизмати халқу Ватанро тай намуданд. Муаллима аз зумраи он шахсиятҳое ба шумор мераванд, ки дар рушду нумӯъ ва пойдории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хизматҳои бесобиқа намудаанд. Имрӯз кулли устодон ва шогирдони факултети таърихи ДМТ дар симои Роҳат Абдуваҳҳобовна устоди соҳибфазл, шахси маслиҳатгузор, инсони фурӯтан, зани соҳибилму соҳибсавод, олимаи соҳибмактабу соҳибкитоб ва раҳбару раҳнамои боэътимодро мебинанд.
Р.А. Набиева дар тӯли шаст соли фаъолияти илмиву педагогии хеш ҳамчун муҳаққиқ ва мураббии тавонои мактаби олӣ дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисони дорои дониши замонавӣ саҳми босазо гузоштанд ва дар пешрафти илми таърихи ҷумҳурӣ ҳамоно нақши мунир доранд. Мавсуф соли 1964 дар мавзӯи «Нақши бонувони Тоҷикистон дар мубориза барои сохтмони сотсиализм (солҳои 1933-1937)» рисолаи номзадӣ ва соли 1975 дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии озодшавии бонувони Тоҷикистон ва баланд гаштани нақши онҳо дар сохтмони сотсиализм (солҳои 1917-1937)» рисолаи докторӣ дифо намуда, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз байни занони тоҷик ба унвони баланди доктори илмҳои таърих шарафёб гаштанд.
Рисолаҳои пурғановати ин огоҳзани бедордил роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи ватанӣ, махсусан перомуни мақоми зан дар аҳди шӯравӣ, аз қабили «Занони Тоҷикистони советӣ» (Душанбе, 1967), «Женщины Таджикистана в борьбе за социализм» (Душанбе, 1969), «Вазъи занон то ва баъд аз Инқилоби Октябр» (Душанбе, 1982), «Занони Тоҷикистон» (Душанбе, 1991) ва ғайра арзиши баланди илмӣ доранд. Китобҳои тадрисии эшон, ба монанди «Таърихи халқи тоҷик» (барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, Душанбе, 2001, 2009, 2010), «Таърихи халқи тоҷик» (барои синфи 11, Душанбе, 2006), «Таърихи Ватан» (Душанбе, 2007), «Тоҷикистон дар асри XX ва аввали асри XXI» (Душанбе, 2008) ва ғайра ҳамчун китоби рӯимизӣ ва васоити таълимии муҳассилини макотиби оливу миёнаи мамлакат хизмат менамоянд.
Як хислати фарқкунандаи эшон маслиҳатгари доною беминнати мутахассисони ҷавон буданашон аст, ки ин хусусияти неки инсонгароӣ аз шахсияти тавоно ва замонавӣ будани профессор Р.А. Набиева гувоҳӣ медиҳад. Устоди хеле ғамхору дилсӯз, пардозгари ҳусни ботини шогирдон, бахшандаи ақлу хирад, донишу маърифат ва одобу ахлоқи нек барои донишҷӯёну толибилмон, аспирантону унвонҷӯён маҳсуб меёбанд. Роҳат Абдуваҳҳобовна оташи муҳаббати илму маърифатро дар дили кӯчаки шогирдонашон афрӯхта метавонанд. Мавсуф аз устодони соҳибмактаб ҳастанд, ки бо камоли масъулиятшиносӣ ба ҷавонон дар ҷодаи илм раҳнамоӣ мекунанд. Натиҷаи ғамхориву хидмати босуботи он кас аст, ки имрӯз зиёда аз 40 нафар шогирдонашон рисолаҳои номзадиву доктории худро оид ба масъалаҳои мубрами таърихи Ватан сарбаландона дифоъ намуданд. Боиси ифтихори муаллифи ин сатрҳост, ки аз рӯзҳои аввали рӯ оварданам ба илм аз ин зани орифа ва ҳакима пуштибониву ғамхории беғаразона дида, маҳз таҳти раҳбарии он кас ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториамро дифо намудам. Ё худ садҳо нафар хатмкунандагони факултети таърихи ДМТ, ки бо роҳнамоии профессор Р.А. Набиева рисолаи дипломӣ ҳимоя намуданд, дар гӯшаю канорҳои ҷумҳурии азизамон ва берун аз он садоқатмандона кору фаъолият доранд.
Як нуктаи дигар аз ҷолиби гуфтан аст, ки эшон дар илм пок ва устувор ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ илмро қурбони тақозои замону рӯихотирӣ насохтаанд. Бо фурӯтанӣ ва хоксории маъруфашон дар масъалаи ҳақиқати илмӣ ба касе гузашт наменамоянд. Гоҳо барои анҷом додани кори оғознамудаашон ҳатто саломатии худро фаромӯш менамоянд.
Муаллифи ин сатрҳо муаллима Р.А. Набиеваро аз соли 1986 мешиносам ва дар тӯли ин се даҳсола аз ин зани некхоҳу мастур ва якдилу хушманиш танҳо некиву ёрмандӣ дидаам. Овони донишҷӯиям муаллима декани факултети таърих ва мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик буданд ва дар курсҳои болоӣ ба моён аз фанни таърихи халқи тоҷик ва курси махсус дарс медоданд. Дарси устод натанҳо дарси таърихи Ватану миллат, балки дарси ҳаёту камолоти инсонӣ буд. Мо, шогирдон аз устод Р.А. Набиева дарси хирад, маърифат, фазилат, фаросат, муҳаббат, самимият, шукӯҳ, саодат ва инсофу одамиятро андӯхта будем.
Муаллима нисбати шогирд мураббии хеле принсипноку сахтгир ва масъулиятшинос, дар айни замон хайрхоҳу ғамгусор ва адолатоин ҳастанд. Доштани устоде, ки беғараз ва хайрхоҳона шогирдашро пуштибониву раҳнамоӣ кунад, чӣ қадар бахти бузург аст. Яке аз шогирдони садоқатманди муаллима зиндаёд Маъруф Исоматов борҳо гуфта буд, ки «барои моён профессор Набиева ҳамчун модари маънавӣ ҳисоб мешаванд».
Профессор Р.А. Набиеваро тавассути меҳнати бедареғ ва шоистаашон солҳо боз ба сифати олима ва омӯзгори таърихшинос дар тамоми гӯшаву канори кишварамон ва берун аз он мешиносанд. Ғамхорӣ, масъулиятшиносӣ, заҳмату хидмати муаллима буд, ки як зумра муаррихони боистеъдод тарбия ёфта, имрӯз дар соҳаҳои гуногун сарбаландона ифои вазифа менамоянд. Устод Роҳат Абдуваҳҳобовна дорои мактаби хоси илмӣ буда, имрӯз барҳақ роҳбалади тавонои киштии олимону омӯзгорони таърихшиноси ДМТ маҳсуб меёбанд.
Устод Р.А. Набиева шогирдонро ба қуллаҳои умеду орзу раҳнамун сохта, кӯшиш менамоянд, ки онҳо дар нимароҳ намонанд. «Бо илм машғул шудан кори саҳл нест, – мегӯянд Роҳат Абдуваҳҳобовна, – ва ин роҳи вазнин ҷоннисорӣ мехоҳад. Олим фардест, ки хушиҳои дигари ҳаётро қурбони илм мекунад, шабу рӯз аз илм меандешад, ҳаргиз дар фикри сарвату фароғат намешавад, вагарна муродаш ҳосил намегардад».
Роҳат Абдуваҳҳобовна на фақат олимаи мумтоз ва омӯзгори моҳир, инчунин ташкилотчии серғайрату чашмикордон мебошанд. Эшон бидуни иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ зиндагии худро тасаввур карда наметавонанд. Ҳамин қобилияти кордонӣ ва созмондеҳиашонро ба ҳисоб гирифта, ҳамон соли дифои рисолаи докториашон, яъне соли 1975 садорати донишгоҳ ба вазифаи мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик (солҳои 1975-2013), декани факултети таърих (солҳои 1983-1989) таъин карда буд. Фаъолияти сарварии ин зани оташниҳод дар сохторҳои номбурда хеле назаррас буд, аз ин рӯ дар ин бахшҳои масъулиятнок ба ивази меҳнати шоиста ва пурмаҳсул сазовори эҳтироми умум гардидаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки профессор Р.А. Набиева солҳои 1987-2000 аввал аъзо ва сипас ноиби раиси Шӯрои диссертатсионии махсусгардонидашудаи назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи докторӣ буда, аз соли 1991 аввал аъзо ва сипас аз соли 1996 инҷониб раиси Шӯрои диссертатсионии махсусгардонидашудаи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ аз илми таърих мебошанд. Роҳи пуршарафи ин бонуи бофазилати тоҷик барои наслҳои ҷавони имрӯза ва оянда намунаи ибрат аст. Ин ғаввоси уқёнуси илми таърих ҳамчун тарбиятгар, насиҳатгар, ҳидоятгар ва тарғибгари оину анъаноти волои ниёгони мо дар талқини ғояву ҳадафҳои наҷиби тафаккури таърихӣ, гиромидошти расму оинҳои аҷдодӣ, тарбияи ҳисси бузурги эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.
Профессор Роҳат Абдуваҳҳобовна дар зиндагӣ ба ҳар мартабае расида бошанд, маҳз ба шарофати меҳнату заҳмати ҳалолашон расидаанд. Меҳнати софдилонаву хоксоронаи муаллимаро ба ҳисоб гирифта, бо унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, аъзои ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ҳамчунин бо чандин нишону медалҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонидаанд.
Ногуфта намонад, ки муаллимаи арҷманди мо оилаи намунавию хушахлоқ ва бомаданияту бомаърифат доранд. Ҳамсар ва рафиқи доимии муаллима – Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Файзӣ Боқиевич Зикриёев ва фарзанди дилбандашон – доктори илми таърих Малика Файзиевна Зикриёева дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисони дорои дониши замонавӣ саҳмгузор ҳастанд ва имрӯз баҳри ривоҷи илму маорифи кишвар дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Имрӯзҳо олимаи закии таърихшинос, ташкилотчии боистеъдоди илм, тарбиятгари ғамхори ҷавонон, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устод Роҳат Абдуваҳҳобовна Набиева ҳаштодумин баҳори бобаракату пурфайзи умрашонро мегузаронанд. Бигзор чеҳраи гарми ин ахтари илму маорифи кишвар ҳамеша хандон бошад ва ҳамаи нақшаю умедҳояшон ҷомаи амал пӯшанд.
Нӯъмонҷон Ғаффоров,
доктори илмҳои таърих
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ