ДДҲБСТ: Ахтари рахшони адаб
Ҳар соле бо рӯйдоду ҳодисаву воқеаҳояш дар таърих сабт мегардад. Соли равон барои тоҷикону тоҷикистониён аз чанд ҷиҳат хотирмон аст. Илова ба соли сайёҳиву ҳунармандӣ буданаш, соли равон боз бо 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм, 700-солагии ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ, 100-солагии файласуфи тоҷик, академик Муҳаммад Осимӣ, интихоботи Президенти Тоҷикистон ва бисёр воқеаҳои дигари муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маърифатиаш хотирмон хоҳад шуд.
Аҳамият ва моҳияти ин тадбирҳои маънавиро, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи шоён касб мекунанд, Пешвои миллат возеҳ тафсир намудаанд: «Шоҳкориҳои безаволи бузургони миллатамон на танҳо боиси ифтихори мо – тоҷикон ҳастанд, балки як ҷузъи муҳими фарҳангу таърихи башарӣ маҳсуб меёбанд ва аз ин рӯ мояи ифтихори тамоми инсониятанд. Зеро онҳо ба маҷрои зиндагӣ аз дидгоҳи баланд менигаристанд, назари фарох ва афкори умумиҷаҳонӣ доштанд, инсондӯстиро тарғиб менамуданд». Яке аз чунин тадбирҳои бунёдӣ, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд, ин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) таҷлили густардаи 700 –солагии Камоли Хуҷандӣ мебошад.
Чандест, ки саросари кишвари маҳбубамон ва мардуми ҳамҷавору ҳамзабонҳоямон бахшида ба ин санаи шодмон коргириҳои гуногун идома дорад. Махсусан, мардуми маънавиятпаварамон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни табарруки ишқу адаб, илму фарҳанг, маърифату ирфон, рафоқат ва ҳувияти миллӣ чорабинию тадбироти зиёдеро ба нақша гирифтаанд, ки бесабаб нест. Ҳама ҷову ҳама дилҳо музайян аз “боғистони шеъру ғазал”-и Шайх Камоли Хуҷандист.
Воқеан ҳам, сувари ҳадиси шоир ба дараҷае зебост, муассир ва баландпарвоз аст, ки камтарин ишора ба боли маънӣ менишинаду хаёл аз майдони фарохи тахайюл мегузинад. Ин ҳама тахайюлоти бадеии шоир барои хонандаи имрӯза низ бегона нест, он ҳам мехонад, фикр мекунад, маънӣ мегирад. Соли сеюм аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” баргузор мегардад ва хушбахтона, он ба раванди доимии ҷавонону китобдӯстон табдил ёфта истодааст. Қобили қайд аст, ки наврасон, ҷавонон ва калонсолон қироатпазир мешаванд ва онҳо бо забонҳои модарию хориҷӣ асарҳои мухталифро аз бар мекунанд, ки ин аз чанд ҷиҳат манфиатбахш аст, зеро китоб, махсусан китобе чун “Девон”-и Камоли Хуҷандӣ, гараву омили тарбияи солими насли имрӯзаву оянда маҳсуб меёбад.
Донишҷӯён, ки фаъолтарин намояндагони аҳли ҷомеа мебошанд, қироати китоб, шеъру ғазал, таълифоти гуногунро аз ҷумлаи асоситарин машғулияти худ бояд қарор диҳанд. Дар ин ҷода нашри осори адибону гузаштаву имрӯза ва тадқиқи онҳо хеле манфиатбахш хоҳад буд, чунки диди олимон омили дарки амиқи мазмуну муҳтавои асари бадеӣ мебошад. Дар ин кор тадбироте чун “700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ” мақоми махсус дорад. Дар партави чунин омодагиҳо аҳли меҳнати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ майле намуданд, то «дастагул»-и андешаҳои чанде аз таҳлилгарони ашъори ин шоирро манзури ҳаводорони илму адаб, ба вежа мухлисони ғазалҳои Камол ва умуман барои дӯстдорони китоб эҳдо намоянд, хушбахтона, ҷавонони саодатманд, ки соҳиби унвони донишҷӯӣ гардидаанд, рӯ ба китоб оварданд ва бошад, ки аз ин сарчашмаи маънавӣ баҳраҳо баранд, чунки аз ҳар як ғазали шоир накҳату таровати маънавие бармехезад, ки ба зеҳни хонанда нишаста, ӯро водор месозад биандешад, то боли хаёлаш ба дуродури тафаккур расида, ҷанини маъниашро тамиз намояд, зеро тавре ки худи шоир мефармояд, осори ӯ “калиди дари ганҷи ҳаким” аст.
Чанде пеш бо ташаббуси олимону устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки асосан бо тарбияву таълими коршиносони ҷавони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, иқтисод ва сиёсату иҷтимоиёт машғуланд, бахшида ба ин ҷашни муътабару ёдбуди яке аз ситорагони дурахшони назми Шарқ, ки бо номи Шайх Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ машҳур аст, армуғони маънавии арзандае таҳти унвони «Андалеби боғи маонӣ» интишор доданд, ки қобили саност, зеро ин нишонаи он аст, ки бо вуҷуди ихтисосмандиии ғайрифилологӣ доштанаш дар ин даргоҳи муқаддас ба масоили дигари маънавиёти ҷомеа, бавижа ҷавонон, аҳамияти зиёд дода мешавад.
Маҷмуаи мазкур бо сарпарастии ректори ДДҲБСТ, профессор М. Шарифзода ва зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии ҳамин донишгоҳ, академики Академияи табиатшиносии Россия Т. С. Шокиров омода гашта, дастранҷи чанд нафар аз чашмандозони ватаниву ҳамсоямеҳанамонро фаро гирифтааст. Тавассути мақолаҳои маҷмӯа хонанда бори дигар мебинад, ки ба назари пажӯҳишгарон симои мубораки Камол чӣ таровате дорад:
Суханҳои нав бишнавед аз Камол,
Ки инҳо дар ин рӯзҳо гуфтаем.
Вижагии дигари маҷмуа дар он аст, ки дарстранҷи олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ (Камол ва адабиёти ӯзбек), профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бухоро, ҳоло вакили мардумии Ӯзбекистон дар Тошканд Таваккал Чориев (Маҳорати Камоли Хуҷандӣ дар тасвири ҳодисоти лингвостилистикӣ) ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Фарғона Фарҳод Исомиддинов(Ҷилваи қиссаҳои ғиноӣ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ ҳаммуаллиф бо дотсенти ДДХ Ш. Тоҷибоев) маҷмӯаро ба дараҷаи байналлалӣ баровардааст. Ба он сухани табрикии раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода «Ҷашнвораҳои бузурги миллиро сазовор таҷлил менамоем» пешгуфтори пурмуҳтавои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода «Ахтари рахшони адаби форсӣ», мақолаи муқаддимавии ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода «Бозшинохти бузургони миллат- файзи Истиқлол» ҳусни оғоз бахшидаанд.
Бахши аввали китоб «Назари насли аввали камолшиносони муосири тоҷик» унвон гирифта, саҳифаҳояш бо мақолаи таърихии асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ (унвони мақола Камоли Хуҷандӣ ) ва тавзеҳи Камол Айнӣ бозмегардад. Андешаҳои пурқимати ин устоди суханро фаропажӯҳишҳои академик А. Мирзоев (Камол ва як шарти муҳими омӯхтани ӯ), профессорон Ш. Ҳусейнзода (Камоли Хуҷандӣ ва устодони сухан), С. Асадуллоев (Мактаби Хоҷа Камол), А. Афсаҳзод (Осори Камоли Хуҷандӣ), А. Насриддин (Нақду тасҳеҳи осори Шайх Камоли Хуҷандӣ) идомагир гаштаанд. Мусанниф Т. Сироҷзода мақолаҳои олимони маъруфи мазкурро, ки ҳар кадоме дар шинохти Камоли Хуҷандӣ мақоми хосае доранд, чун ҳидоятномае ба муҳаққиқони баъдин ҷой дода, ба ҳамин васила ному хизмати ононро ёдовар шудааст.
Бахши дуюми китоб «Чашмандози таҳлилгарони имрӯзи тоҷик оид ба Камоли Хуҷандӣ ва ашъори ӯ» ном гирифта, шомили фаслҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар ин бахш мақолаи 22 нафар олими маъруфу номвар, чун узви вобастаи АМИ ҶТ Н. Зоҳидӣ, профессорон А. Сатторзода, У. Ғаффорова, З. Ғаффорова, М. Мизоюнус (Хоҷаева), А. Ҳасанзода, Б. Мақсудзода ва дигарон бо мазмуну мӯҳтавояшон китобро зеби маъно бахшидаанд.
Аксари кулли мақолоти маҷмӯа аз ҳаёт ва эҷодиёти ин булбули боғи адаб сухани тозае мерасонад.
Офаридаҳои олимони мазкур шаҳодати онанд, ки воқеан ҳам «Лутфи ғазалиёти Камол аст, ки имрӯз» ҳам овозаи эҷодашро дар атрофи ҷаҳон бурдааст, балки ҳар қадар аз айёми таълифаш дуртар мешавад, арҷу дарҷаш болотар меравад. Бисёр ҷолиб аст, ки мафоҳими ашъори Камол барои ифодаи мӯъҷизаосо ва сеҳрангези ҷаҳони моддиву маънавӣ ва таҷассуми ҳолатҳои гуногуни қаҳрамони осорашу хонандагонаш таъсири пурфайз мебахшад.
Садорати донишгоҳу мураттиби маҷмӯа бар онанд, ки ашъори ин ситораи дурахшони кайҳони маонӣ ва тадқиқи он, ки саропо ҳикмату андарз, илму адаб, зиёву ирфон ва маърифат аст, барои боло бардоштани ақлу идрок, илму дониш, одобу ахлоқ, одамият, ҳисси ватандӯстию касбпарварӣ, меҳнатдӯстию коршиносӣ, масъулиятшиносиӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон кумак хоҳад расонд.
Бахтовар САФАРОВ, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ