АИ ҶТ сазовори мукофоти Springer Nature гашт
Дар соли 2017 аз ҷониби ширкати Springer Nature Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофот аз рўи номинатсияи нашриётии «Муассисаи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ», сазовор дониста шуд.
Ширкати Springer Nature нашриёти байналмилалии илмии ҷаҳон буда, аз соли 1842 фаъолият менамояд ва шуруъ аз соли 2015 фаъолияташро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшидааст.
Бояд зикр намуд, ки ширкати Springer Nature ва олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ муддатҳост, ки шарикони стратегӣ маҳсуб мешаванд. Ба платформаи Springer Link маводи чопии зиёди давлатҳои Осиёи Марказӣ шомил гардидааст. Аз соли 1958 то кунун дар ин платформа аз ҷониби муаллифон беш аз 7000 ҳуҷҷат ба табъ расидааст.
6-уми октябри соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими супоридани мукофот аз рўи номинатсияҳои «Муассисаеи дорои теъдоди зиёди маводи чопӣ» ва «Муаллифони теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» баргузор мегардад. Академики АИ ҶТ Ғаниев Иззатулло аз ҷониби ширкати Springer Nature ба мукофот аз рўи номинатсияи «Муаллифони дорои теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» сазовор дониста шудааст.
Дар айни замон Springer Nature аз зумраи ширкатҳои рақами 1 оид ба теъдоди нашри мақолаҳо ва китобҳо аз давлатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб дониста мешавад ва назар ба дигар нашрияҳо дар чопи мавод пешдастӣ менамояд.
Дар чорабинии мазкур олимон ва намояндагони вазоратҳо аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ширкат менамоянд. Бояд тазаккур намуд, ки дар солҳои 2015 ва 2016 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон олимон Солиев Лутфулло ва Шабозов Мирганд сазовори мукофот аз рўи номинатсияи «Муаллифони дорои теъдоди зиёдтарини маводи чопӣ» шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ