Ҳайатҳо масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд

Муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон масоили марбут ба мушаххассозии хатти сарҳад ва гузарондани корҳои делимитатсия ва демаркасия дар марзи муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории дафтари матбуоти Ҳукумати Қирғизистон, мулоқоти Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов рӯзи 16 октябр дар шаҳри Боткенти Қирғизистон дар доираи мувофиқаи Сооронбой Ҷеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон, президентҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Ишқобод баргузор шудааст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди фаъолияти доимии гурӯҳҳои корӣ барои ҳалли сареъи мушаххассозии хатти сарҳад ба тавофуқ расидаанд.

Аз оғози соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 12 мавриди муноқиша рух додааст, ки ҳар бор аз ҳисоби мардум қурбонӣ доштааст.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале то ҳол натиҷаи дилхоҳ ба даст наомадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *