Айбномаи расмии Гулнора Каримова эълон шуд

дар ҳоли ҳозир Гулнора Каримова касест, ки бузургтарин порагириро анҷом додааст.

Мақомоти ИМА нисбати Гулнора Каримова — духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва мудири пешини ширкати Uzdunrobita Беҳзод Аҳмадов айбнома эълон карданд. Ҳар дуи онҳо дар порагирӣ ва пулшӯӣ дар ҳаҷми 865 миллион доллар айбдор мешаванд.

Бино бар қонун «Дар бораи фасодкории хориҷӣ»-и Амрико (Foreign Corrupt Practices Act – FCPA), дар ҳоли ҳозир Гулнора Каримова касест, ки бузургтарин порагириро анҷом додааст.

Беҳзод Аҳмадов — мудири пешини ширкати мобилии «Ӯздунробита», ки ба ширкати мобилии МТС-и Русия рабт дошт, дар мусоидат кардан ба порадиҳӣ айбдор мешавад. Ба иттилои мақомоти ИМА, Аҳмадов барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон пора додааст.

Гулнора Каримова дар солҳои 2005-то 2012 аз ширкати VimpelCom дар ҳаҷми 114 миллион доллар, дар солҳои 2007 то 2010 аз ширкати Telia 331 миллион доллар ва аз ширкати МТС бештар аз 420 миллион доллар пора гирифтааст. Маҷмуи пораи дарёфтии Каримова 865 миллион долларро ташкил медиҳад.

Парвандаи Каримова ва Аҳмадов ба додгоҳи Ню-Йорк рафтааст. Аммо Вазорати молияи ИМА мегӯяд, то замони ҳузури ду айбдоршаванда дар додгоҳ ва исботи ҷурми онҳо, эҳтимоли бегуноҳиашон мавҷуд хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *