Айнӣ дар Душанбе. Порае аз саҳифаҳои зиндагии устод дар рӯзи мавлудаш (видео)

Имрӯз, 15-уми апрел зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ аст. Ба ин муносибат порае аз китоби Шариф Ҳамдампур — “Тоҷикон дар суҳбати Сталин бо Ғафуров”, ки яке аз саҳифаҳои зиндагии устод Садриддин Айниро бозгӯ мекунад, пешкаши шумо мешавад.

«- Дар Комитети марказӣ кор мекардам,- нақл мекунад Охун Исмоилов,- боре Ғафуров маро даъват карданд ва гуфтанд, ки имрӯз домулло Айнӣ аз Самарқанд меоянд, шаб меҳмони хосаи ман мешаванд. Барои кӯчонида ба Душанбе овардани он кас мо бояд ҳар чӣ аз дастамон ояд, кунем. Ба раиси шаҳр фармуданд, ки рӯзи дигар шаҳр ва дараи Варзобро ба Айнӣ тамошо диҳад. Ҳар маконе барояшон писанд омад, дар он ҷо барояшон хона созанд. Раис шаҳрро тамошо медоронад, чанд ҷои муносиб, хонаҳои хубро нишон медиҳад. Аммо Айнӣ рад мекунанд ва мегӯянд: «Ман гирифтани хонаи дигаронро ба худ раво намедорам. Агар ин корро кардам, фардо мардум мегӯянд, ки Айнӣ хонаи маро гирифт». Бегоҳии рӯзи дигар раиси шаҳр ба қабули Бобоҷон Ғафуров омад. Парешон буд. Садриддин Айнӣ ҷариеро барои хона сохтан интихоб кардаанд, ки мувофиқи гуфтаи раис, тахту ҳамвор кардани он се сол заҳмат мехоҳад. «Агар се сол лозим бошад, барои устод Айнӣ меарзад, ки се сол заҳмат кашед!», — мегӯяд Ғафуров ва мефармояд, ки боғи саҳни ҳавлӣ аз як гектар кам набошад. Ду мошини боркаш ва як экскаватор барои пур кардани ҷарӣ, ҳамвор кардани замин якуним сол кор карданд».

Эҳтиром, таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров боис шуд, ки Садриддин Айнӣ Самарқандро тарк кунанд ва Душанберо макони зиндагии доимӣ ихтиёр намоянд.

Дар мавриди эҳтироми Бобоҷон Ғафуров нисбати Садриддин Айнӣ як нақли шоири машҳури калмиқ Давид Кугултинов дар хотирам нақш бастааст. Соли 1983, донишҷӯи факултаи рӯзноманигории  Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови шаҳри Москва будам. Боре ба факултаи мо шоири мардумии қалмиқ Давид Қулгантинов ташриф овард. Бо ташаббуси ҳамкурси мо Араша Батмайловичи қалмиқ дар хобгоҳи донишгоҳ маҳфили шеър баргузор гашт. Он дер тӯл кашид. Пас аз анҷоми вохӯрӣ, шояд аз он буд, ки ба Давид Кугултинов зиёд савол додам, ӯ маро барои давом додани суҳбат ба хонаи як дӯсташ даъват кард. Ҳини суҳбат сухан аз Бобоҷон Ғафуров рафт. «Ҳар миллатеро сарваре чун ӯ мебояд. Агар аҳли илму адаб чеҳраи миллат бошанд, Бобоҷон Ғафуров барои покии ин чеҳра мубориза мебурд»,- гуфт ӯ. Зимнан қиссаеро аз рӯзгори ин арбоби илм ва сиёсат нақл кард: устод Садриддин Айнӣ бемор мешаванд. Ба аёдати он кас котиби ҷавони Комитети марказӣ меояд. Ба истиқболи ӯ ҳамсари устод берун меояд ва мегӯяд, ки Айнӣ имрӯз касеро қабул намекунанд. «Барояшон гӯед, ки ман котиби Комитети марказӣ»,- мегӯяд вай. Ҳамсари устод дубора дохил мераванд ва баъди чанде бармегарданд. «Фарқ намекунад, қабул карда наметавонанд»,- ҷавоби устод Айниро мерасонад ба вай. Котиб сахт дар ғазаб мешавад ва аз он ҷо рост ба назди Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров меояд. «Кор ба ҷое расидааст, ки як нависанда котиби Комитети марказиро қабул намекунад»,- арз мекунад мавсуф. Ғафуров мефармоянд, бо ин масъала рӯзи дигар наздашон дарояд. Рӯзи дигар, вақте ки қаҳри котиби ҷавон фурӯ менишинад, Бобоҷон Ғафуров ривояти ба истиқболи шоири бемансаб Абдураҳмони Ҷомӣ аз як фарсах роҳ пиёда ба истиқбол баромадани вазири дарбор Алишер Навоиро ҳикоят мекунанд. Оташи ғазаби котиб фурӯ менишинад ва бо сари хам аз дафтари кори ин марди хирад берун меояд. Баъдтар бароям маълум гашт, ки котиби ҷавон Пӯлодов буд.

Ҷаҳл ҷаҳолатро ба бор меорад, ҷоҳил дер намепояд. Таҳаммулу таҳлил хоси сарварони бохирад аст, ки рӯдро мемонанд.  Агар чунин нест, онҳо ҷӯйборе хоҳанд буд, ки маҷрояшро ҳар кӣ, ҳар тараф хост, дигар мекунад. Аммо на ҳар неруе тавони табдили маҷрои рӯдҳои бузургро дорад.

Эҳтироми шахси аввали ҷумҳурӣ ба аҳли илму фарҳанг эътибори илму адабро дар ҷумҳурӣ боло бардошта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *