Айнӣ: Роҳҳо кай таъмир мешаванд?
Ба диққати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода
Аз шунидани он ки соли оянда роҳи нақлиётгарди самти Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ азнавсозӣ мешавад, мо сокинони водии Зарафшон хеле хушнуд шудем, зеро ин роҳ дар ҳақиқат ба равуои техникаи нақлиётии замони муосир мувофиқ нест ва хеле вайрону таъмирталаб аст.
Вале мо дар таҳайюр ҳастем, ки чаро Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ва Мастчоҳ дар давоми солҳои дароз ягон маротиба ҳам барои тахту ҳамвор кардани роҳҳои байни деҳаҳо саъю талош намекунад? Ақаллан барои таъмири минтақаҳои хавфноки роҳ ҳам таваҷҷуҳ надорад. Чанд адад техникаи роҳтаъмиркунӣ, ки ба ин ниҳод мансуб аст, ба чӣ корҳо машғуланд?
Маблағҳои барои таъмири роҳҳо ҷудошуда ба куҷо масраф мешаванд?
Борҳо дар ин бора ба ташкилотҳои марбутаи роҳсозӣ муроҷиат кардем, ки масофаи дуюним километри Қалъа ва деҳаи Путхин таъмир карда шавад, аммо натиҷа нест. Ваъда ҳасту амал нест. Меҳмонони ба осоишгоҳи «Доктор Тоҳирӣ» меомада аз вазъи роҳ норозӣ ҳастанд.
Хеле хуб мешуд, агар боре ҳам ба доди мо мерасиданду барои ободии роҳҳои байни деҳаҳо чорае меандешанд. Итминони комил дорем, ки ин навбат арзи моро ба инобат мегиред ва барои ободии роҳҳо чораҳои мушаххас меандешед.
Муллозуҳур ТОҲИРӢ,
табиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ