Айнакҳои зидди офтобӣ зарар дорад?
Ҳар қадар фоизи сиёҳии айнакҳо зиёд бошад, ҳамон қадар ба чашм фоидаовар аст. Чунки шуои офтоби мо баланд аст.
Солҳои дароз аст, ки аз айнакҳои зидди шуои офтоб ва рӯшноии зиёд истифода мебарам. Баъзан вақт чашмонам тез-тез хастагиро эҳсос мекунад. Фикр мекунам, ки шояд истифодаи чунин айнак ба чашмонам зарар дорад. Мутахассис чӣ мегӯяд?
Шаҳриёр Азизов, ш. Норак
Ба ин саволи хонанда Фирӯза Қурбонова, духтури бемориҳои чашми Маркази саломатии №7-и шаҳри Душанбе чунин гуфт:
-Айнакҳои зиддишуоӣ гуногун ҳастанд. Масалан, 50, 25, 30 ва ғайраҳо мебошад. Ҳар қадар фоизи сиёҳии айнакҳо зиёд бошад, ҳамон қадар ба чашм фоидаовар аст. Чунки шуои офтоби мо баланд аст. Баъзе нафароне ҳастанд, ки дар қисмати бегоҳӣ ҳангоми пӯшидани чунин айнакҳо хирашавиро эҳсос мекунанд, ки ин нишонаи норасогии витамини А мебошад. Ҳамун мутахассис тавсия медиҳам, ки лоақал айнакҳои сиёҳии 50- фоизаашро истифода баранд. Беҳтар аст, ки ҳангоми харидани айнак шишагиашро интихоб кунанд, на пластмассиашро. Чунки ин намуди айнак тез харошида мешавад, ки ба биноиши чашм халал мерасонад. Бори дигар мегӯям, ки пӯшидани айнакҳои зидди шуои офтобӣ фоидаовар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ