Айнаки офтобӣ бояд чӣ гуна бошад?

Дар фасли тобистон дар ҳавои офтобӣ бе айнак гаштан хеле душвор аст. Бонувони зиёдеро дар кӯча бо айнак мебинаму ҳавасам меояд, вале намедонам кадом намуди айнакро интихоб намоям, ки ба чашм безарар бошаду аз нурҳои зарарноки офтоб ҳам чашм ва ҳам пӯсти атрофи чашмро, ки хеле нозук аст, ҳифз намоям. Шумо ба ман чӣ тавсия медиҳед?

ГУЛНИСО, шаҳри Душанбе

Аз катаракта эҳтиёт шавед

Нурҳои офтоб на танҳо ба пӯсти рӯю мӯйи сар, балки ба чашм ҳам зарар мерасонанд. Аксарияти бонувон гумон мекунанд, ки бо пӯшида гаштани айнак мушкилашон ҳал мешавад, ҳол он ки ҳамеша айнак мондан зарар дорад. Одамоне, ки ҳатто бегоҳирӯзӣ айнак мепӯшанд, гирифтори бемории катаракта шуда метавонанд, илова бар ин, ҳангоми пушидани айнак гавҳараки чашм васеъ шуда, боиси баланд гаштани фишори дохили чашм мегардад.

Айнаки арзон нахаред!

Айнакҳои зиддиофтобие, ки тамоман бесифатанд, ба ҷойи муҳофизат намудан ба чашм зарар мерасонанд. Ин айнакҳои арзонак нурҳои офтобро нодуруст қабул карда, рост ба даруни чашм равона месозанд ва дар натиҷа чашм сӯхта, хира мегардад. Танҳо айнаки босифат (аз офтоб ҳифзкунанда) ва линзаҳои махсус чашмро аз нури офтоб муҳофизат карда метавонанд.

Линзаи беҳтарин кадом аст?

Линзаҳои босифат дараҷаи 1-ум буда, то 99% нурҳои офтобро рафъ карда метавонанд, вале мустақилона ёфтани чунин линзаҳо кори душвор аст. Беҳтараш линзаҳоро якҷоя бо духтури чашм ё корманди оптика интихоб намоед. Мутахассис тарзи дуруст истифода бурдани линзаро ба шумо нишон медиҳад.

Ба назди духтур равед!

Дар як сол як маротиба аз ташхиси духтури чашм гузаштанро фаромӯш накунед, то ки бемориҳои чашмро сари вақт табобат карда, бармаҳал аз нури чашм маҳрум нагардед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *