Айвии105 сола: Маро Худо дӯст медорад

Аллен модари 11 фарзанд шуд, аммо танҳо 5 нафари онҳо то 105-солагиаш зинда монданд

Як сокини Кингстони Ямайка 105-солагии худро ҷашн гирифт ва дар бораи сирри дарозумрии худ нақл кард. Айви Аллен рӯзи чоршанбеи 16 июн зодрӯзи навбатиро бо аҳли оила ва дӯстонаш ҷашн гирифт. Дар байни дигар чизҳо, хӯроки дӯстдоштаи нафақахӯр креветка (ҷонвари хурди баҳрӣ) ҳам буд. Айви соли 1916 таваллуд шудааст ва дуввумин аз 11 фарзанди волидонаш мебошад. Вай иқрор кард, ки дар ҷавонӣ шӯху гапногир буд ва аксар вақт аз аҳли оила пинҳонӣ ба шабнишиниҳо мегурехт. Худи Аллен низ модари 11 фарзанд шуд, аммо танҳо 5 нафари онҳо то 105-солагии ӯ зинда монданд. Ӯ набераю абераҳои зиёде дорад ва онҳоро чизи аз ҳама муҳим дар ҳаёташ меномад. Вақте ки дар бораи саломатии ӯ пурсиданд, вай посух дод, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ беморӣ гирифтор набуд, аммо бисёре аз дӯстонаш ҳангоми хуруҷи фалаҷи атфол дар ҷазира фавтиданд. Аллен умри дароз дидани худро чунин шарҳ дод: «Ба гумонам ман ин қадар умр дароз мебинам, ки ба мардум ҳеҷ осебе нарасонидаам. Ман мебинам, ки бисёриҳо корҳои бад мекунанд, аммо ман ба ин кор қодир нестам. Ман ба ҳама бо муҳаббат муносибат мекунам ва Худо дар ивази ин маро дӯст медорад. «мегуяд пиразани дарозумр.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *