Академик Мӯсо Диноршоев даргузашт
Файласуфи маъруфи тоҷик, академик Мӯсо Диноршоев аз олам даргузашт. Дар ин бора пайвандони марҳум ба pressa.tj хабар доданд. Марҳум 86 сол дошт.
Мусо Диноршоев (7 ноябри 1934) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1987), профессор (1991), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, (1994), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011) мебошад.
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1959), ихтисос — «фалсафа», Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ : таърихи фалсафа, онтология, гносеология, мантиқ , фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ. Мудири шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1968—1986), сардабири Энсиклопедияи советии тоҷик (1986—1988), мудири Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988—1990), директор — ташкилкунандаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1990—1992), директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1992—2007). Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1995—2000; 2005—2010). Яке аз фарзандони ӯ духтараш, Зарина Диноршоева касби падарро пеша намуда рисолаи докториро оид ба илми фалсафа дифоъ намудааст.
“Философия Насириддина Туси” (1968), “Ибн Сина и его философсие воззрения” (1980), “Ибн Сина и его роль в развитии мировой цивилизации” (1980), “Натурфилософия Ибн Сины” (1985), “Из истории таджикской философии” (1986), “Насир Хусрав и его «Зад-ал мусафирин» (2005), “Абухамид Мухаммад ал-Газзали и его «Опровержение философов» (2008), “Компендиум философии Ибн Сины” (2010), “Проблемы философии Ибн Сины” (2011), “Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази” (2013) рисолаҳои бунёдии Мӯсо Диноршоев аст.
Мӯсо Диноршоев яке аз файласуфон ва синошиносони эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ буда, солҳо Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ