Академикҳои оянда бояд то 14 июл тоқат кунанд
Интихоботи академикҳо ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бояд рӯзи 5 июл баргузор мешуд, ба 14 июл гузаронида шудааст.
Рӯзи 5 июл қарор буд марҳилаи дувуми интихобот дар Академияи илмҳои Тоҷикистон баргузор шавад. 105 донишманди тоҷик барои 42 курсии академик ва узви вобаста вориди рақобат шуда буданд. Дар феҳрасти номзадҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон исми Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Қудратов Рустам, узви Маҷлиси намояндагон дида мешаванд, ки мехоҳанд узви вобаста ва ё академики Фарҳангистони Тоҷикистон интихоб шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ