Академикҳои Тоҷикистон ба Афғонистон бохтанд
3 июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи байналмилалии мунтахабҳои футболи 15-солаҳо — CAFA Boys U-15 Tournament — 2017 таҳти роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оғоз гардид.
Мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон, ки аз ҳисоби дастпарварони Академияи футболи ФФТ мураттаб гардидааст, бозии аввалинашро ба ҳамсолонашон аз Афғонистон 3:1 бохт.
Дар бозии дигар мунтахаби Ӯзбекистон ба дарвозаи дастаи Қирғизистон 2 тӯб дароварда, аз дарвозаи худ 1 тӯб сар дод (2:1).
Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, бозиҳои давраи дуюм имрӯз 4 июл баргузор мешаванд. Соати 18.00 вохӯрӣ байни мунтахабҳои Қирғизистону Афғонистон ва соати 20.00 миёни мунтахабҳои Ӯзбекистону Турманистон доир мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи «CAFA Boys U-15 Tournament- 2017» аз рӯйи системаи даврӣ мегузарад. Мунтахаби ғолиб аз рӯйи холҳои бештари ба даст овардааш муайян карда мешавад. Дар мусобиқа ҳамагӣ 10 бозӣ барпо мегардад, ки ҳамаашон дар Ҳисор мегузаранд.
Қабл аз оғози мусобиқа мунтахаби Эрон бо сабабҳои ба мо номаълум аз иштирок дар он даст кашид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ